Пайвандҳои дастрасӣ

"Боим" ба 19 сол зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Маскав Иброҳим Сафаров, шаҳрванди Тоҷикистонро ба 19 сол зиндон маҳкум кардааст. Иброҳим Сафаров маъруф ба "Боим" ба ҳамдастӣ дар қочоқи миқдори зиёди маводди мухаддир муттаҳам шудааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи панҷшанбе (3 август) эълом шуд.


Ҳашт муттаҳами дигари ҳамин парванда барои муддатҳои мухталиф ба зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи Татяна Зубрева, сухангӯи додгоҳи Маскав, ҳамаи муттаҳамон тоҷиканд. Аммо расонаҳои Русия гузориш додаанд, ки ҳафт тан аз муттаҳамон аз атбоъи Тоҷикистонанд.


Додситонии Маскав бар ин бовар аст, ки ин гурӯҳ масъули қочоқи солона ҳудуди чаҳору ним тун ҳеруин ба хоки Русия будааст.


Николай Шаблико, вакили мудофеъи ду тан аз муттаҳамон, дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфт, ки ҳич як аз муттаҳамони парванда худро гунаҳкор намедонанд. Вай афзуд, ки мехоҳад дар мавриди ҳукми додгоҳ алайҳи Усмоналӣ Сафаров ва Анвар Мадраҳимов (ду узви ин гурӯҳ) дархости таҷдиди назар кунад.
XS
SM
MD
LG