Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи Қумсангир, ташдиди бемории Абдуллоҳи Нурӣ ва сардии муносиботи Душанбе ва Тошканд дар гармои тобистон


Ҳафтаномаи «Вақт» ба дунболи ҳамоиши сарварони се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон дар сармақолаи худ, ки зери унвони «Карзай чизе нагуфт, зеро Амрико меранҷад» нашр шудааст, ба пажӯҳиши яке аз масъалаҳои дар мулоқот баррасишуда, таъсиси телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон пардохтааст.

Муаллифи матлаб менависад, пешниҳоди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Иронро Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пазируфт, аммо бо далели ноомодагӣ ҷониби Афғонистон дар мавриди таъсиси телевизиони муштарак мавқеи худро баён накард. Ба навиштаи муаллиф дар Кобул мегӯянд, Ҳомид Карзай ҳатто ба Тоҷикистон намеомад, агар боздиди Душанбе нишасти роҳбарони кишварҳои форсизабон арзёбӣ мешуд. Зеро дар элитаи сиёсии Кобул нирӯҳое вуҷуд дорад, ки Афғонистонро кишвари форсизабон ҳисоб намекунанд.

Ҳатто дар Афғонистон дар даврони Зоҳиршоҳ, Довудхон, ки баъзан диктатор арзёбӣ мешаванд, то Наҷибуллоҳи коммунист ба забони дарӣ ин қадар маҳдудият эҷод нашуда буд, ки дар дар замони Карзай ба вуҷуд омад.
Вале нашрияи «Миллат» ҳамзамон бо нашри сӯҳбати Маҳмуди Аҳмади Нажод бо хабарнигорон дар Душанбе, назари коршиносон дар масъалаи баҳамоии кишварҳои форсигӯйро матраҳ кардааст. «Миллат» бо истинод ба назари коршиносн навиштааст: «Вақте забон, фарҳанг ва дин як аст, дар чунин ҳолат ин кишварҳо метавонанд нисбат ба дигар кишварҳо ба ҳам равобити наздиктар дошта бошанд, лекин ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон , Ирон ва Афғонистон дар муқобили дигарон муттаҳид мешаванд. Ин се кишвар дар муқобили касе, минтақае, кишваре ва ё созмоне қарор нахоҳанд гирифт».

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Азия плюс» бо нашри хароҷоти молӣ ҷиҳати ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазъи молии аҳзоби сиёсии кишвар ва имконоти ширкати номзади онҳо дар ин интихоботро ба таҳлил кашидааст. Муаллиф дар матлаб бо истинод ба қавли коршиносон навиштааст, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вазъи феълӣ ҳам аз назари идеоложӣ ва ҳам молӣ наметавонанд дар муқобили ҳизби халқӣ- демократии ҳоким дар рақобат бошанд. Вале сабаб дар он нест, ки президенти феълӣ номзади муроқиб надорад. Номзади рақобаткунанда ҳамеша ба ин курсӣ ҳаст. Аммо имконоти таблиғотӣ ва молии дигар аҳзоби сиёсии кишвар хеле маҳдуд аст.

Ҳамзамон бо ин «Азия плюс» аз 3 августи соли 19 99, рӯзи расман силоҳ ба замин гузоштани Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик ёдовар шуда, таърихи ба даст гирифтани силоҳ ва эъломи ин амал, намуна ва теъдоди ин аслиҳаро, ки дар ихтиёри ин нирӯҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, варақ задааст. Муаллифи матлаб менависад: «Барои бори аввал вуҷуд доштани силоҳ ва теъдоди ин аслиҳаи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро 13 апрели соли 19 92 «генерали мардумӣ» Қиёмиддин Ғозиев эълом карда ва гуфта буд, мо 17 ҳазор сарбоз дорем ва метавонем ҳукуматро сарнагун созем».

Аммо ин дар ҳолест, ки «Миллат», аз хуруҷи маризии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини пешини давлати Тоҷикистон хабар дода ва навиштааст, оқои Нурӣ як моҳ қабл дар Олмон ду дафъа ҷарроҳӣ шуда буд, вале охири ҳафтаи гузашта бемории ӯ дубора хуруҷ кард, ки мавриди нигаронии ҷиддӣ қарор гирифт.

Аммо ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба равобити Душанбе ва Тошканд пардохта навиштааст, муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ҳамин гармои сол, ки ҳарорат қариб ба 50 дараҷа мерасад, сард шудан дорад. Муаллифи матлаб менависад, Ӯзбакистон чанд сол аст, ки бо ҳар баҳона интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ мекунад ва дар ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон монеа мегузорад. Аммо акнун чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ин амали ҳамсоякишварро дубора таҳаммул нахоҳад кард.

Ва дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Зиндагӣ» сӯҳбати родю Озодӣ бо Крейг Мори, сафири собиқи Бритониё дар Тошканд ба нашр расонида зери унвони «Фарҳанги тоҷикони Узбакистон дар хатар аст».

Вале ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷараёни муборизаҳои низомӣ миёни Исроил ва «Ҳизбуллоҳ»-ро ба таҳлил кашида ва дар робита ба бомбборон шудани шаҳраки Қанои Лубнон аз сӯи артиши Исроил, изҳороти шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро нашр кардааст. Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки мавқеи худ бо манзури ҳамдилии мардумони Тоҷикистону Лубнон дар робита ба ин қазияро мушаххас кунад.

Ва аксари нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта аз заминларзаи шадид дар ноҳияи Қумсангир, ки бар асари он 3 нафар ҳалок ва ҳудуди 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд, аз мавқеи офат гузориш додаанд.
XS
SM
MD
LG