Пайвандҳои дастрасӣ

Малика Раҳмонова: Матбуоти Тоҷикистон озод нест


Имрӯзҳо дар Прага духтари тоҷике ба сар мебарад, ки дар оянда худро хабарнигори ҳирфаии сиёсӣ мебинад. Малика Раҳмонова, ки 25 сол дорад, ба Прага аз Гурҷистон омадааст. Ӯ дар Тифлис дар Мактаби хабарнигории Қафқоз ва мудирияти расонаҳо таҳсил мекунад. Давраи омӯзишии ӯ ду сол идома мекунад ва ҳоло баъди қариб як соли таҳсили худ ӯ ба Прага омад, то бо кори радиои Озодӣ ва инчунин расонаҳои дигари хабарӣ дар ин Ҷумҳурии Чех шинос шавад. Азбаски тахассуси аввали Малика иқтисодшиносӣ аст, аз ӯ пурсидам, чаро шуғлашро мехоҳад дигар кунад?

Малика: Кори хабарнигорӣ ба ман хеле писанд омад ва ман тасмим гирифтам, ин соҳаро таҷруба кунам.

Ояндасоз: Дар дарсҳои мактаби хабарнигорӣ чиро бештар писандидӣ?

Малика: Аввал ин ки дарсҳои мо ҳама ба забони англисӣ ҷараён мегиранд ва кулли омӯзгорони мо хабарнигорони варзидаи ғарбӣ ҳастанд. Зимнан, ман аввалин духтари тоҷикистониам, ки дар ин мактаб таҳсил мекунам. Аз дарсҳо бошад, кори радио бештар ба ман писанд омад. Мо дар дарс барномаҳои хабарӣ таҳия мекунем, яъне рӯзона барномаи иттилооттиро таҳия ва шом ин барномаро гӯё пахш мекардем. Барои ман ин бахши кор хеле ҷолиб аст.


Ояндасоз: Аммо чӣ ҳоҷат буд, ки аз Тоҷикистон барои таҳсил ба роҳи дур биравӣ. Дар Душанбе ҳам мактабҳои журналистӣ ҳастанд. Масалан, дар Донишгоҳи миллӣ ё Славянӣ?

Малика: Барои он ки ин ҷо шеваи таълим комилан фарқ мекунад. Дар Донишгоҳи славянии Душанбе, масалан, барномаи таълимӣ заъифтар аз барномаест, ки ба мо дар мактаби хабарнигории Қафқоз пешниҳод мешавад. Ман дар Мактаби хабарнигории "Тоҷикистон - қарни 21" (дар Душанбе), ки кор кардаам, борҳо дидам, ки аксар хатмкардаҳои факултаҳои рузноманигории донишгоҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Донишгоҳи славянӣ, амалан ба кор омода нестанд. Онҳо танҳо донишҳои назариявӣ доранд. Аммо дар ин ҷо бошад, мо аз рӯзи аввал бо кори амалӣ машғул шудем, мақола навишта онро дар нашрия чоп кардем. Дар дарсҳои радио бошад, аз рӯзи дуюм мо ба таҳияи хабарҳо, ҳатто хабарҳои оҷил шурӯъ кардем.

Ояндасоз: Пас, Малика, баъди бозгашт ба Тоҷикистон бо чӣ кор машғул шудан мехоҳӣ?

Малика: Ман чун хабарнигори маҳаллии радиоҳои байналмилалӣ кор карда метавонам. Аммо дар Тоҷикистон, ба назари ман, имкониятҳои журналист чандон васеъ нестанд - чӣ аз назари ҳавасмандии молӣ ва чӣ аз лиҳози корӣ. Бале, он ҷо мавзӯъҳои зиёдро мешавад баррасӣ кард, аммо дар Тоҷикистон кор кардан намемонанд, мониъа эҷод мекунанд


Ояндасоз: Кӣ мониъа эҷод мекунад?

Малика: Мақомот. Яъне дар роҳи дастрасӣ ба маълумот азият мекашед. Ман ҳоло он чиро ки дар Тоҷикистон нашр мешавад, мутолиъа мекунам. Мебинам, ки он нисфи ҳақиқат аст ва ё матлаб хеле эҳтиёткорона навишта шудааст, ва ё танҳо ҷанбаи иттилоотиро дорад. Масалан мегӯянд, ки "дар ин ё он нишасти матбуотӣ фалону чунон гуфта шуд", аммо дар ин замина таҳқиқе, таҳлиле таҳия намешавад. Онҳо танҳо наворҳои конфронси матбуотиро намоиш медиҳанду халос.




Ояндасоз: Мушкилро ту дар ҳавасмандии ками молӣ мебинӣ ё дар шароити кор?

Малика: Дар ҳар ду ҳолат ҳам як мушкил вуҷуд дорад. Аз як сӯ, мақомот ба хабарнигорон дар дастрасӣ ба маълумот мониъа эҷод мекунанд. Ва аз ин хотир, назари ман ин аст, ки матбуъот дар Тоҷикистон озод нест. Онҳо ҳанӯз ҳам ба худсонсурӣ машғуланд, паҳлӯҳои ҳассоси масъаларо сарфи назар мекунанд. Ва аз сӯи дигар, ин аст, ки онҳо намехоҳанд таҷрубаи чанд нашрияи басташударо такрор кунанд. Дар чунин шароит ман мутмаинам, ки дар Тоҷикистон расонаҳо озод нестанд.

Ояндасоз: Пас худат намехоҳӣ вазъи баамаломадаро ислоҳ кунӣ?

Малика: Ман ҳоло таҳсил дорам ва аммо ҳамеша дар бораи мактаби хабарнигорие, ки дар он кор мекардам, фикр мекунам. Ман фикрҳои зиёди худро ҷамъ кардам, ҳамаро навиштам ва орзу мекунам навовариҳои омӯхтаамро дар риштаи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон амалӣ намоям

Ояндасоз: Хуб, акнун ба мо аз вазъи Гурҷистон бигӯ.

Малика: Ба фикри ман вазъи Гурҷистон бесубот аст. Ҳар мушкиле, ки пеш омад, мардум зуд дар назди сохтмони парлумон ҷамъ мешаванд, тазоҳурот мекунанд, талаби худро пеш мегузоранд, ин маънои онро дорад, вазъ собит нест.

Ояндасоз: Чаро ҳатман бесубот аст? Вақте мардум имкони изҳори назар, яъне баён кардани мавқеи эътирозии худро доранд, ин як нишонаи он аст, ки ҷомиъаи он кишвар озод аст ва мехоҳад дар фазои демократӣ зиндагӣ кунад. Ё не?

Малика: Аммо ба ҳар ҳол, назари ман ин аст, ки на ҳамеша иқдоми ҳукумати Гурҷистон хуб андешидашуда аст. Масалан, ба фикри ман, аз ҷомиъаи кишварҳои ҳамсуд канораҷӯӣ кардани Гурҷистон кори хуб нест. Аммо дар айни замон дар ин кишвар баъзе таҳаввулоти мусбатро шоҳид шудан мумкин аст. Онҳо ҳоло ба таври фаъол дар пайи равнақ додани соҳаи ҷаҳонгардӣ ҳастанд, дар муқоиса бо Тоҷикистон низоми бонкиашон хеле пешрафт кардааст. Ва худи мардум ҳам дигар шудааст, фикрронии онҳо аз мардуми дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ комилан фарқ мекунад.

Ояндасоз: Яъне онҳо аз мардуми тоҷик фарқ мекунанд?

Малика: Каме. Дар Тоҷикистон мардум бозтар ва меҳмоннавозтар аст. Бале, гурҷиҳо ҳам меҳрубон ҳастанд. Аммо онҳо танҳо дар он сурат ба ҳарфат гӯш мекунанд, ки ба онҳо муроҷиат кунӣ. Онҳо мисли аврупоиҳо зиндагӣ мекунанд.

Ояндасоз: Хуб, Малика, ин буд назаре ба тафовутҳои мардуми тоҷику гурҷӣ. Аммо аз назари мушкилот оё ҷомиъаҳои ин ду кишвар чӣ умумиятҳое доранд, ба хусус ҷавонони тоҷику гурҷӣ?

Малика: Мӯътодӣ ба маводи мухаддир аст мушкили умумии мо. Вақте дар хиёбонҳо мегардӣ, баъзан сӯзандоруҳои истифодашударо мебинӣ, ки дар канори роҳ хоб аст. Дар Тоҷикистон чунин нест, аммо масъалаи нашъамандӣ вуҷуд дорад ва бо он бояд мубориза бурд.
XS
SM
MD
LG