Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахолати Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар қазияи Би-Би-Си


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз тасмими ҳукумати Тоҷикистон, ки ба Бахши ҷаҳонии радиои Би Би Си иҷоза надодааст, то барномаҳояшро рӯи мавҷи FM дар ин кишвар аз сар бигирад, изҳори нигаронӣ кард.
Намояндаи ин кумита Нина Огнианова, аз шаҳри Нйю Йорк шоми чаҳоршанбе дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон мардуми кишварро аз як манбаи муҳими иттилоъоту хабар маҳрум мекунад.


Вай афзуд: "Мо то ҳол сабабҳои мушаххаси надодани муҷаввизро намедонем. Аммо мо бисёр нигаронем, ки бо надодани муҷаввиз ба Би Би Си ҳукумати Тоҷикистон сокинони ин кишварро аз як манбаи муҳими хабару иттилоъот маҳрум мекунад. Мо алоқаманди онем, ки доир ба сабабҳои худдорӣ аз додани муҷҷавиз маълумот ба даст орем ва ин қазияро аз наздик муроқибат хоҳем кард. Ба ҳар сурат ин як таҳавулоти нороҳаткунанда ва мояи нигаронии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аст."


Кумиссиёни муҷавиздиҳии Кумитаи телевизион ва радио гуфт, бинобар он ки миёни Тоҷикистон ва Бритониё дар робита ба ҳамкориҳо дар бахши иттилоот созишномае ба имзо нарасидааст, кумита аз додани муҷаввиз ва ё литсензия худдорӣ мекунад. Радиои Би Би Си ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодааст. Тоҷикистон пахши барномаҳои Радиои Би Би Си-ро рӯи мавҷи FM дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд моҳи январи соли равон қатъ карда, гуфт ин радио бояд дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шавад. Феълан барномаҳои Би Би Си рӯи мавҷи миёна дар Тоҷикистон пахш мешаванд.
XS
SM
MD
LG