Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз таҳдиди бемориҳои уфунӣ дар Қумсангир


Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Душанбе рӯзи чаҳоршанбе, 2 август, аз эҳтимоли паҳн шудани бемориҳои сироятӣ дар минтақаи зилзилазадаи Қумсангир ҳушдор дод.


Сара Бернард, масъули барномаҳои имдоди ин ниҳод гуфт, вазъияте, ки баъд аз вуқӯъи ду зилзила дар ноҳияи Қумсангир ба амал омадааст, ба густариши бемориҳое ба монанди исҳол ва домана дар байни аҳолӣ сабаб мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, имконияти ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон дар ин минтақа хеле маҳдуд буда, бо сабаби фурӯ рехтани бемористони марказӣ ва осеб дидани чаҳор дармонгоҳ хатари шуюъи бемориҳои уфунӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.


Ба сабаби пулӣ будани муъолиҷа дар маҳалли ҳодиса, осебзадагон намехоҳанд ба марказҳои беҳдошт муроҷиъа кунанд. Хонум Бернард аз давлати Тоҷикистон хост, то табобати ройгони офатзадагонро роҳандозӣ кунад.


Юкио Мукуа - намояндаи Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони милали муттаҳид (СММ) низ ин гуфтаҳои хонум Бернардро тасдиқ кард ва гуфт, ниҳодҳои байнулмилалӣ маводди шимиёии поксозии об ва дигар доруворро ба Қумсангир фиристодаанд. Вай афзуд, бо вуҷуди он ки ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии осебро эълон кардааст, ҳанӯз дақиқ нест, ки чи теъдод аз мардум ба кумаки пизишкӣ ниёз доранд.


Хонуми Бернард гуфт, зиёни иқтисодии осеб маълум шудааст, вале бояд саломати мардум дар мадди аввал қарор бигирад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG