Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дархости кумак мекунад


Давлати Тоҷикистон барои бозсозии се рустое, ки дар имтидоди марз бо Афғонистон бар асари заминларзаи шанбеи гузашта вайрон шудаанд, дархости кумак кардааст.


Абдулфаттоҳ Шарифов, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз гуфт, ки ин кишвар барои бозсозии таъсисоти зербиноӣ, ба монанди мактабҳо ва дафтарҳо ба кумаки молӣ ниёз дорад.


То кунун давлати Туркия пешниҳоди кумак кардааст. Рӯзи 29 июл бар асари заминларзае дар ҷануби Тоҷикистон се кӯдак дар ноҳияи Қумсангир ҷон доданд, беш аз ҳазор нафар беҷо шуданд ва ҳудуди 1500 хона вайрон шуд.
XS
SM
MD
LG