Пайвандҳои дастрасӣ

Оё шумо хушбахтед?


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Ман бо ин омор мувофиқ нестам, зеро агар милоки санҷиши хушбахтӣ беҳуқуқӣ, фақр, зиллат, оворагӣ, камиттилоъӣ... бошад, мо бояд ҷои аввал қарор мегирифтем. Онҳое, ки худро хушбахт меҳисобанд, бадбахти асосӣ ҳамонанд. Тоҷикон дар асри 20 хушбахт набуданд, дар гузаштаҳо низ рӯзи хуш насибашон набуд, аммо дар оянда баъид аст, ки ба уфуқи рӯшан бирасанд.
Мулломирсиддиқ, Ҳиндустон
---------------------------------------------------

Яке аз далелҳои хушбахт будани инсон ин камтар донистан аст ва содалавҳ будан ва албатта, зиндагӣ бо вижагиҳои суннати ва рустоӣ. Ва ин хусусиятҳо дар тоҷикон бисёр дида мешавад. Пас ба ин далел ҳам мо 25-умин миллати хушбахти ҷаҳон ҳастем.
Муҳаммад,Теҳрон.
---------------------------------------------------

Як чизро бояд дар назар дошт, ки танҳо сарватмандӣ омили хушбахтӣ буда наметавонад. Масалан, падидаи худкушӣ дар кишварҳои тараққикарда аз мо дида бештар аст. Ва мо набояд нақши тарбиятро фаромӯш кунем ва қаноъатпешагӣ яке аз шартҳои асосии хушбахт будан аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ба ин шароит қаноъат карда, ба пеш ҳаракат накунем.
Сулаймон
---------------------------------------------------

Аҷиб аст! Ин "ашрофзодаҳо" оё хушбахт аз онанд, ки дар Москов ҳар рӯз таҳқир мебинанд ва бо дидани милиса дар ҷояшон шах мешаванд ва худро камтар аз сагу гурбаҳои русҳо медонанд? Хушбахт аз онанд, ки духтарҳояшон ҳар гуна фантазияи мардуми бегона дар Дубайро иҷро мекунанд ва ҳамон ҳаётро аз зиндагӣ дар ватани "шариф"-ашон афзал медонанд? Мо аз бадбахттарин миллатҳои рӯи Заминем, мардум!
"Khushbakht" s tochnostyu naoborot
---------------------------------------------------

Бале, ба гуфтаи бародар Маҳмадраҳим, 25-умин давлати қашшоқ дар дунё, ки ҳатто наметавонад аз ҳуқуқи кӯчаки шаҳрвандон (муҳоҷирон)-и худ дар хориҷ дифоъ кунад.
Абдулло, Москов
---------------------------------------------------

Ман бо ин таҳқиқ сад дарсад мувофиқам. Чун хеле аз кишварҳо ва миллатҳоро дидаам, ки бо вуҷуди вазъияти олӣ дар ҳамаи заминаҳо, хушиву хушбахтӣ дар чеҳраашон нест. Ба назари ман, иллати аслии ин натиҷаи "ҷолиб" ин аст, ки миллати тоҷик ҳарчанд имрӯз авзоъи номатлубе дорад, аммо асолатан миллате шариф, сахӣ, доро ва дастудилбоз аст ва ин мушкилҳои гузарон наметавонад хушиву шодиро аз чеҳраи ин ашрофзодагони кураи Замин бигирад.
Y. Qubodyoni
---------------------------------------------------

Салом. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Фаҳат ҳисобро аз охири рӯйхат бояд оғоз кард.
Маҳмадраҳим.
XS
SM
MD
LG