Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Куфр»-и Зиё Абдулло


«КОФИР Ё МУСУЛМОН»

Нуқтаи олии ин баҳс шояд он аст, ки шоири тоҷик Зиё Абдулло барои ибрози андешаҳояш аз тарафи гурӯҳе кофир эълон шудааст. Аз ӯ хостаанд, ном ва номи хонаводагии худро иваз кунад. Дар зодгоҳаш Қубодиён гуфтаанд, мурдаи ӯро ҷаноза нахоҳанд кард. Танҳо сарлавҳаҳои матбуот ингуна садо медиҳанд: «Зиё Абдулло кист: Кофир ё мусулмон?», «Зиё Абдулло чӣ мехоҳад?», «Мо аз чӣ метарсем?», «Аз Қутайба дифоъ намекардам, агар...», «Зиё Абдулло кофир нест ва номашро иваз намекунад» ва ғайра ва дар ин навиштаҳо бархе ӯро поксиришту ҳақиқатгӯ ва бархи дигар гумроҳу хидматгори шайтон ном ниҳодаанд. Мағзи гап ин аст, ки Зиё Абдулло ба таҳқири дини ислом ва китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» айбдор мешавад. Лаҳни баҳс як мавзӯъи дигар аст ва моро на ин, балки пеш аз ҳама ҳассосияти масъала ва густураи мунозира ба худ кашидааст. Агар ҳамаи мақолаҳоеро, ки бар зидди Зиё Абдулло ва ба тарафдорӣ аз ӯ ва ҳам навиштаҳои худи ӯро ҷамъ кунанд, як китоби тақрибан 400-сафҳагие омода мешавад. Таърихчаи ин кашокашро аз ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат мешунавем.

ТАЪРИХЧАИ БАҲС

Баҳси Зиё Абдулло бо рӯҳониён замоне шиддат гирифт, ки шоири тоҷик дар посух ба пешниҳоди Муҳаммадҷон Шакурӣ донишманди тоҷик роҷеъ ба таҷдиди барномаи таълими улуми бунёдӣ навишт, бояд дар шинохти бархе масоили таърихӣ таҷдиди назар шавад. Зиё Абдулло дар мақолаи худ зери унвони «Шинохтситезии клонҳои клонзо» нахуст гуфта буд, аъроб сарзаминҳои моро забт ва дини худро ҷабран ба сари мардумони ин минтақа таҳмил карданд. Нуктаи дигари мақола, ки боиси сару садои зиёде шуд ин буд, ки Зиё Абдулло навишт, Қутайба ва клонҳои қутайбаӣ аз Муҳаммад (манзур паёмбари ислом) чеҳрае сохтаанд бадтар аз Чингиз. Рӯҳониён ин суханонро тавҳин ба паёмбари ислом донистанд. Ба мақолаи Зиё Абдулло Муҳаммадшарифи Ҳимматзода аз пешвоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон ва ҷамъи зиёди рӯҳониён посух гуфтанд ва суханони Абдуллоро маҳкум карданд. Акбари Тӯраҷонзода ин иқдомро як навъ ҳидояти нируҳои зиддиисломӣ аз хориҷ унвон карда буд.

БАҲСИ РӮБАРӮ

Дар охирин мизи гирде низ ки бо ширкати рӯҳониён ва рушанфикрон баргузор шуд, ин мавзъ мавриди баҳс шуд, Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, ки бо намояндагӣ аз рӯҳониён ширкат дошт гуфт: «Зиё Абдулло дар мақолаи худ ба шахсияти паёмбари ислом тавҳин карданд, зеро ӯро дар муқоиса бо Чингизи хунхор қарор доданд. Ин чанг задан ба тораҳои ҳассоси мардуми мост. Ин миллат 97 дарсад мусулмон аст ва аз ислом дигар гурезу гузир нест, бино бар ин ягона роҳи ваҳдату пешрафти ин миллат ҷӯру ҳамгом шудан бо ислом аст.»
Аммо Зиё Абдулло гуфт манзураш аз ин ҷумла чизе дигар будааст ва ҳадафи у нодуруст ташреҳ шудааст. Вай аввал ҷумлаи худро хонд: «Қутайба ва клонҳои қутайбавӣ аз Муҳаммад чеҳрае сохтанд, ки аз Чингиз бадтар аст.» Ҳамин ҷумла чӣ маънӣ дорад. Ҷумлаи солими тоҷикист. Ман аз он хафа шудам, ки ҳамин ҷумлаи..."
Эшони Маҳмудҷон: «Не, давомашро хонед охир, давом дорад ин ҷумла. Ба чунин шакл: «Агар Чингиз сар хӯрда бошад, ин мағзи инсонҳоро хӯрд.»
Зиё Абдулло: «Бале, бале. Гап дар бораи Қутайба ва клонҳои қутайбаӣ меравад.»
Эшони Маҳмудҷон: «Ин дар дохили қавс буд, агар берун аз қавсайн мебуд, гапи дигар, вале дар ин шакл ишора ба пайғамбар меравад.»
Зиё Абдулло: «Ман ҳарфи Шуморо ором шунидам, Шумо ҳам гӯш кунед. Ман аз ин хафа шудам, ки вақте як ҷумлаи тоҷикиро намефаҳманд, дар давоми як сол ҳам олими дин ва ҳам олими дунявӣ то академик, чӣ хел ба гардан мегиранд, дини як мардума, роҳи ояндаи ин мардума?»
Маҳмудҷони Тӯраҷонзода: «Аммо ишора ба кӣ меравад, аз он ҷо ки дар даруни қавс буд?»
Зиё Абдулло: «Ишора? Як бор ба таърихамон нигоҳ кунед.»
Маҳмудҷони Тӯраҷонзода: «Лекин ишора ба кӣ меравад ва манзури ҷумла чист?»
Зиё Абдулло: «Қутайба ва клонҳои қутайбавӣ ба ғайр аз мутаассиб чизе назоид.»
Маҳмудҷони Тӯраҷонзода: «Номи Қутайба берун аз қавс буд.»

ГУСТАРИШИ БАҲС

Таърихчаи баҳс пиромуни мақолаи шоири тоҷик Зиё Абдулло. Тавре шунидем, ноиби раиси ҲНИТ Муҳаммадшарифи Ҳимматзода яке аз аввалин ашхосе буд, ки ба ин мақола посух дод ва муаллифро ба ангезиши хусумати динӣ айбдор кард. Тадриҷан ин баҳс васеътар шуда, ба як рӯёрӯии рӯшанфикрон ва рӯҳониён табдил ёфт. Гузашта аз ин, бо силсилаи мақолаҳои муҳаққиқи ҷавон Абдуллоҳи Ҳаким аслан худи вожаи «рӯшанфикр» зери суол бурда шуд ва аҳли зиё ба рӯшанфикрони диниву дунявӣ тақсим шуданд. Унвони мақолаи Ҳаким: «Зиёӣ, рӯҳонӣ, маърифати бӯҳронӣ».

РӮШАНФИКР КИСТ?

Файласуфи тоҷик Комил Бекзода, ки як мақолаи интиқодии ӯ дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ вокунишҳои сахтеро ба бор овардааст, саволи наверо матраҳ кард, ки оё рӯшанфикри тоҷик кист ва дар ҷомеа чӣ нақше дорад? Пажӯҳишгари ҷавон Ҳафизи Холиқзод дар ҷавоб ба Бекзода таърихи афкори рӯшангароиро дар ҷомеаи тоҷик ва форсизабон ёдовар шуд. Ҳамаи ин баҳсҳои гоҳе воқеан илмӣ ва гоҳи дигар ғайриилмию пархошгарона маркази таҳлилии «Диалог»-ро водор кард, силсилаи нишастҳоеро дар мавзӯъи «Рӯшанфикр, дин ва ҷомеа» оғоз кунад. Дар яке аз онҳо ширкат доштем ва аз он сӯҳбат хоҳем кард, вале ҳоло бо ҳамнафаси дигари мо, Нилуфари Собир бубинем, ки раҳгузарони Душанбе киро равшанфикр мешуморанд:
-- Шахсиятҳои дорои маърифати баланд.
-- Одамони ҳаматарафа донишманд.
-- Афроде ки барои миллати худ ва таърихи он заҳмат мекашанд.
-- Бубахшед, сарфаҳм намеравам.
-- Насиҳатгарон.
-- Ҳиндуҳо, ки ситорагарм, раҳмдил ва донишманданд.
-- Шоиру нависандагон, олимон ва донишҷӯёни фарҳангдӯст.
-- Бачаҳои хурдсол, ки аз чизе наметарсанд ва гапи худро ошкоро мегӯянд.

ДИАЛОГ, ЯЪНЕ МУКОЛАМА

Иштироки мо ба ҳайси нозир дар нишасти маркази таҳлилии «Диалог» таҳти раёсати Муҳиддини Кабирӣ, узви порлумон ва ноиби аввали раиси ҲНИТ, имкон дод, аз фазои рӯёрӯие, ки масъалаи ҳузури ва нақши равшанфикрон дар ҷомеа нафас бикашем, бо мубоҳисон ҳамнафас бишавем. Хеле фикр кардем, оё зарур аст, ин баҳс ҳамчун маводи ковишҳо дар барномаи Ҳамнафас истифода шавад ва ё бе мудохилаи мо, порчаҳое аз он ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш гарданд.
Ақидаи дуввум бартарӣ пайдо кард. Инак, нақлҳое аз баҳс дар маркази «Диалог».
Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос: «Мероси гузашта ва ду канали ҷудогонаи донишандӯзӣ қишри рӯшанфикрро ба диниву дунявӣ ҷудо кардааст. Муносибати онҳо ба фарҳанги миллӣ сатҳист, ба он сабаб, ки фаҳмиш аз он дугонагӣ дорад ва ин ба фаҳмиши вожаи «равшанфикр» низ таъсир дорад ва мо онро пеш аз ҳама шахси дунявӣ мешуморем, аммо рӯшанфикрони диниро ба ин қишр дохил намекунем.»
Комили Бекзода, файласуф: «Бояд ин суханҳо гуфта шавад, зеро ҷавҳари демократия ин аст, ки ҳар шахс ҳаққи иштибоҳ дошта бошад. Вале дар масъалаи дин ва миллат бояд гуфт, инҳо мафҳумҳое ҳастанд, ки бо ҳам омезиш намеёбанд. Тоҷикон аз давраи Ҷамшед ба ин сӯ 13 динро қабул ва рад карданд, вале тоҷик боқӣ монданд.»
Эшони Маҳмудҷон, олими ислом: «Дин фақат ҷаҳонбинӣ ё ақида нест. Ислом ҳам ақида, ҳам амал, ҳам ахлоқ ва ҳам шеваи зист аст. Миллат низ падидаи фақат биолужӣ ва физиолужӣ нест. Тоҷике, ки бигзор хуну пӯсти тоҷикӣ дорад, вале агар аз забону фарҳанги худ ҷудост, намтетавонад тоҷик бошад.
Муродулло Давлатов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон: «Дин барои ман номафҳум, вале атеизм фаҳмо буд ва ман онро интихоб кардам. Баъд замона дигар шуду он мафҳумро чунон маҳкум карданд, ки маро ҳисоб гум шуд ва ҳолӣ ҳозир фақат тоҷик буданам бароям аниқ аст. Устод Бекзода дуруст гуфтанд, ки миллати тоҷик чандин динро паси сар кард, вале ҳар яки онҳо барои тоҷикон аҳамияти калон доштанд. Аммо дар бораи рӯшанфикр бояд гуфт, ки вазифаи асосии он эҷоди донишҳост, раҳнамоист.»
Ин буд ба навъе як гузорише аз ҷараёни баҳс дар маркази таҳлилии «Диалог». Ва акнун боз аз Нилуфар мешунавем, ки раҳгузарони Душанбе ба нақши равшанфикрон дар ҳаёти ҷомеа чӣ назар доранд?

НАҚШИ РАВШАНФИКРОН

Назари раҳгузарони Душанбе ба нақши равшанфикрон дар ҳаёти ҷомеа:
-- Тарафгирии ҷомеа.
-- Навиштани китобҳо ва пешкаш кардан ба мардум.
-- Кӯмак ба рушди ватандӯстӣ дар ҷомеа.
-- Ҳикматпароканӣ.
-- Муоъадат ба пешрафти ҷомеъа.
-- Таҳқиқи таърихи миллат.
-- Кашфиёти илмӣ.
-- Ташвиқ ва тарбияи мардум.

АРЗИШЁБИҲО

Маълум шуд, ин нишасти саввуми маҳфили «Диалог» буда, дар нишастҳои гузашта ҷанбаъҳои дигари мавзӯъ баррасӣ шудаанд. То ҷое ки мо мушоҳида кардем, гоҳе ҳарорати баҳсҳо ба нуқтаи ҷӯшиш мерасид ва дар чунин маворид, мубоҳисон бо хушгӯие вазъро содаву сабуктар мекарданд: Баъд аз поёни нишаст аз Эшони Маҳмудҷон пурсидам, оё таассуроташ аз ин маҳфил ва маҳфилҳои гузашта чист?
Маҳмудҷон Тӯраҷонзода: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ин ҷаласа барои мардуми мо хеле муфид аст, вале орзуи ман ин аст, ки он ба рафъи низоъе, ки дар байни рӯшанфикрону рӯҳониёни мо ба амал омадааст, кӯмак кунад. Ин бӯҳрону муқобилгузорӣ бояд бештар матраҳ шавад ва баҳсҳои матбуотӣ ба чунин маҳфилҳо кӯчаду ба ваҳдат мусоъадат кунад.»
Ва файласуф Комили Бекзода мегӯяд: «Муҳимтарин чиз ин аст, ки рӯшанфикрону рӯҳониёни мо ҳамдигарро хубтар хоҳанд шинохт ва он холигоҳе, ки Эрих Фромм мегӯяд, ҷуброн мешавад ва роҳро ба сӯи андешаҳо созанда во мекунад.
Ва ниҳоят сухан ба раиси маркази Диалог ва ташкилкунандагони ин нишастҳо, узви порлумони Тоҷикистон ва ноиби аввали раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ: «Мо мехоҳем, пеш аз он ки баҳсҳо дар миёни омма паҳн шавад, аввал дар чунин маҳфилҳои зубда баррасӣ шаванд ва сайқал ёбанд. Вагарна, метавонанд, сабабгори нохушиҳо шаванд. Ин барои бунёди як ҷомеаи таҳаммулпазир хеле муҳим аст.»

ХУЛОСА

Дар баҳси гирди мизи давр як нуктаи муҳим садо дод, ки гуфта шуд, равшанфикрон бояд ба суннатҳо ва ҳукумат назари танқидгарона дошта бошанд. Аммо на танҳо дар он сӯҳбат, балки берун аз он ҳам боз низ ҳалношуда монд, ки чаро назари танқидгаронаи Зиё Абдулло ба ислом ва ё исломи ба истилоҳ тоҷикӣ як қадами рӯшанфикрона арзишёбӣ нашуд. Аз сӯи дигар ин ақида баён гашт, ки ҳанӯз рӯшанфикрони дорои назари танқидгарона ба ҳукумат ба мушоҳида нарасидаанд ва интихоби ҳадафи рӯшанфикрон комил нест.
Хулосаи дигар ин буд, ки ин ҳама навоқиси даврони гузор аст ва ҳанӯз ҳатто ҷомеа низ аз мероси афкори гузашта раҳо нашудаву насли нави равшанфикр ба саҳна наёмадааст.
XS
SM
MD
LG