Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти тоҷикон аз София бо 7 медол


Дастаи мунтахаби таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе (2 август) аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони байни 14 то 18-сола, ки дар шаҳри София - пойтахти Булғористон баргузор шуд, бо ҳафт медол - 1 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба шаҳри Душанбе баргашт.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқот беш аз 600 варзишгари ҷавон аз 67 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз шаш писару шаш духтар иборат буд.

Нигора Ҳамидова дар як навъи рақобат мавсум ба "спарринг" миёни духтарон унвони қаҳрамониро соҳиб шуда, бо медоли тилло сарфароз гашт. Дилафрӯз Боҳирова мақоми дуввумро касб карда, медоли нуқра гирифт. Дар ин навъи рақобатҳо миёни писарон Мансур Раҳматов ва Далер Шарифӣ соҳиби мақоми дуввум ва медоли нуқра шуданд.

Медоли чаҳоруми нуқраро тими духтаронаи Тоҷикистон,мураккаб аз Дилафрӯз Боҳирова, Заррина Абдалӣ ва Нигора Ҳамидова дар риштаи дифоъ аз худ ба даст овард. Беҳрӯз Набиев дар спарринг дар мақоми севвум қарор гирифт ва бо медоли биринҷӣ сарфароз шуд. Заррина Абдалӣ дар иҷрои машқҳои маҷмӯъӣ ба як медоли биринҷии дигар даст ёфт.
XS
SM
MD
LG