Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи вазъи марзҳои Тоҷикистон поён ёфт


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, коршиносони ин созмон рӯзи сешанбе (1 август) таҳқиқи вазъи амниятии марзҳои Тоҷикистону Қирғизистонро поён додаанд ва баъд аз бозгашт гузориши худро ба аъзои кишварҳои узви САҲА ироа хоҳанд кард. Тоҷикистон, ки ҳамсарҳад бо Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводди муххадир дар ҷаҳон аст, барои тақвияти ҳифзи марзҳояш аз созмонҳои байналмилалӣ тақозои кӯмак кардааст, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз ҷумлаи онҳост.


Мартин Несиркӣ - сухангӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Вен зимни суҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз пажӯҳиши вазъи марзҳои Тоҷикистон кумак дар тақвияти амнияти онҳост:


"Мақомоти Тоҷикистон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тақозо карда буданд, ки ба онҳо барои таҳкими амнияти марзҳо ва идораи ниҳодҳои марзбонӣ кӯмак кунанд. Тоҷикистон марзҳои тӯлонӣ дорад ва ва ба ин ҷо кӯмакҳо барои мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва тамоми анвоъи қочоқ шомил мешавад."


Ба гуфтаи Мартин Несеркӣ, коршиносони Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, ки мутахассисини маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои созмон ҳастанд, 12 рӯз дар Тоҷикистон буданд. Онҳо дар Тоҷикистон бо мақомоти вазоратҳои мухталиф, ки бо амнияти марзҳо ва коргузории ин ришта машғул ҳастанд сӯҳбат доштаанд. Ҳамчунин бо намояндагони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон.


Гурӯҳи коршиносон вазъи марзҳои тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон Қирғизиситону Чинро низ таҳқиқ карданд. Ин гурӯҳ баъди бозгашт ба шаҳри Вена тавсияҳои худро ба 56 кишвари узви САҲА ироа хоҳанд кард ва баъдан ин созмон тасмим хоҳад гирифт, ки чӣ гуна ба марзбонони тоҷик кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG