Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чанд рӯзноманигори узбак 'ихроҷ шуданд'


Бино ба гузориши Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мустақар дар Порис, чандин рӯзноманигори узбак, ки дар рӯзномаи расмии "Правда Востока" кор мекарданд, ба хотири ҳамкорӣ бо расонаҳои ғайридавлатӣ шуғли худро аз даст додаанд.


Ин созмон мегӯяд, ки Алишер Усланов, сардабири "Правда Востока" моҳи гузашта ба дафтари раёсати ҷумҳурии Узбакистон эҳзор шуд. Тайи ин дидор аз ӯ хоста шуда, ки шуморе аз гузоришгарони "аз лиҳози сиёсӣ ғайр қобили эътимод"-ашро ихроҷ кунад. Гузориш шудааст, ки ин хабарнигорон бо сомонаи интернетии хабарии tribune-uz.info ҳамкорӣ кардаанд. Дар миёни онҳо ду тан зан ҳастанд.


Рӯзномаи русизабони "Правда Востока" яке аз ду нашрияи расмии давлати Узбакистон аст.


Tribune.uz.info рӯзи чаҳоруми июл эълом кард, ки баста мешавад, бо ин ишора, ки ин тасмим зери фишори давлат гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG