Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт боло хоҳад рафт?


Бархе аз мутахассисон ҳадс мезананд, ки шояд моҳҳои наздик қимати як бушка нафт аз сад доллар ва аз он бештар болотар равад. Аз нигоҳи онҳо, ду офат - офати табиии тахрибгаре чун "Катрина" ва офати башарӣ - густариши даргириҳо миёни Исроилу Лубнон ва ба саҳнаи ин ҷанг кашида шудани дигар кишварҳо ба боло рафтани қимати нафт мусоъидат хоҳад кард.

Коршиносон ба сабақҳои таърих ишора мекунанд - дар арафаи ҷанг дар Ховари миёна дар соли 1973 ҳама интизор доштанд, ки қиммати онвақтаи нафт - $3 барои як бушка боз солҳои тулонӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд ва аммо он баъди чанд моҳ чаҳор карат боло рафт. Охирҳои солҳои 70 ум коршиносон пойинравии қимати нафтро пешгӯӣ мекарданд, вале инқилоби исломӣ дар Эрон қимати нафтро то $72 барои як бушка боло бурд.

Ва аммо иддае аз коршиносон ва ниҳодҳои молӣ интизор доранд, ки қимати нафт то охири сол дар мавзеъи феълӣ боқӣ мемонад ё фақат каме боло меравад. Аз ҷумла, ба иттилоъи хабаргузориҳо, мутахассисони Deutsche Bank пешгӯӣ кардаанд, ки семоҳаи равон қимати нафт дар сатҳи $65 барои як бушка боқӣ мемонад ва охири сол то $70 барои як бушка боло хоҳад рафт.

Болоравии қимати нафт ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт? Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисоддони тоҷик мегӯяд, таъсири манфии раванди болоравии қимати нафтро сокинони Тоҷикистон аллакай эҳсос кардаанд:

"Мо дар давоми 20 рӯзи ахир эҳсос карда истодаем - эҳсос карда истодаем, ки нархи нафт дар ҳама ҷо боло меравад ва ба ин раванд ба арзиши аслии маҳсулоти саноатӣ, ба арзиши аслии корҳои сохтмон, ба арзиши аслии боркашонӣ таъсири хело бад мерасонад. Ҳоло яке аз сабабҳои боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ва хело тезутунд шудани таваррум ҳамин чиз аст - боло рафтани нархи нафт, боло рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ."

Ва аммо оё болоравии қимати нафт рӯи мӯҳлати татбиқи тарҳҳои бузурге дар Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳо ва нақбҳо таъсир нахоҳад гузошт?

"Не, ба фикри ман, ба мӯҳлати бунёи иншоотҳо таъсир намерасонад, ва аммо дар арзиши корҳои сохтмонӣ таъсир хоҳад гузошт. Яъне арзиши корҳои сохтмонӣ ва сохтмону бандубаст боло меравад."

Аз сӯи дигар коршиносон мегӯянд, вақти он расидааст, ки мақомоти Тоҷикистон сари ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла, аз Эрон биандешанд. Қиммати нафт дар Эрон назар ба дигар кишварҳое, ки Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ харидорӣ мекунад, арзонтар аст. Барои рӯ ба бозори нафти Эрон овардан вазъи феълӣ низ мусоидат мекунад - айни ҳол миёни ду кишвар равобити хуби иқтисодӣ эҷод шудааст. Ва аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик мегӯяд, барои дастёбӣ ба нафти Эрон, бояд қабл аз ҳама, шоҳроҳи миёни Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон бунёд шавад, зеро кишварҳои Туркманистону Узбакистон дар роҳи интиқоли нафти Эрон ба Тоҷикистон монеъаҳо эҷод мекунанд.

Ва аммо дар ҷаҳон чӣ миқдор захираи нафт мавҷуд аст? Ба иттилоъи ОПЕК - Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, захираи феълии ин ганҷи табиӣ фақат барои 40 соли оянда кофисту халос. Вале ин маънои онро надорад, ки баъди чаҳор даҳсола конҳои нафт комилан хушк мешавад. Пажуҳишгарон мегӯянд, се омил барои даҳсолаҳои оянда низ боқӣ мондани захираи нафт мусоидат мекунад - қабл аз ҳама, истифода аз маҳсулоти нафтӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад. Сониян, роҳҳои коркарди бархе аз конҳое кашф хоҳад шуд, ки алҳол ихроҷи нафти онҳо ба мушкил мувоҷеҳ аст. Ва саввум - олимон сари кашфи маводи дигари сӯхт андеша мекунанд, аз ҷумла, сари истифодаи нерӯи офтоб ҳамчун сӯзишворӣ.

Аз Ҳоҷимуҳаммад Умаров суол мекунем, ки захираи нафти Тоҷикистон барои бароварда сохтани чӣ миқдор ниёзмандиҳои мардум ба маводи сухт кофист?

"Дар Тоҷикистон дар чоҳҳое, ки ҳоло ошкор шудаанд, мувофиқи маълумоти геологҳо, бештар аз 500 миллион тонна нафт мавҷуд аст. Аммо, мутаассифона, дар ин конҳо нафт дар чуқурии хело амиқ ҷойгир аст аз ин рӯ, коркарди чоҳҳо нисбат ба кашонида овардани нафт аз дигар кишварҳо гаронтар меафтад. Аз ин рӯ, интизор ҳастем, ки дар оянда техникаи пармагарие пайдо шавад, ки арзиши корҳои ҷустуҷӯ ва ихроҷи нафтро арзон гардонад."

Гуфта мешавад, ки захираи нафт дар кишварҳои дорои ин ганҷи табиӣ яксон нест. Дар Русия захираи нафт фақат барои 21 сол кифоят мекунад, дар Арабистони саудӣ - барои 42 сол. Вазъ дар Қазоқистон ба карат беҳтар аст - захираи нафти ин кишвар метавонад мардумашро боз 83 соли дигар бо маводи сӯхт таъмин кунад. Ва захираи аз ҳама зиёди ганҷи табиӣ дар Эрон мавҷуд аст ва он барои 89 сол кофист.
XS
SM
MD
LG