Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Урупо хостори оташбас дар Лубнон шуд


Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Урупо рӯзи сешанбе (1 август) бар сари баёнияе мабнӣ бар дархости барқарории оташбаси бедиранг миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ тавофуқ карданд.


Вазирони 25 кишвари узви Иттиҳодияи Урупо барои баррасии ин мавзӯъ дар шаҳри Бруксел як нишасти изтирорӣ созмон доданд.


Дар оғоз Бритониё, Олмон ва чанд кишвари дигар мухолифи тақозои барқарории оташбаси билофосила буданд ва бар сари нукоте аз баёния баҳс карданд.


Дар таҳаввуле дигар ду корвони ҳомили кумакҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки самти ҷануби Лубнон ҳаракат мекарданд, ба далели дарёфт накардани иҷозаи амниятӣ аз артиши Исроил ва Ҳизбуллоҳ вориди минтақа нашудаанд. Созмони Милал гуфт, ки қарор буд ин ду корвон кумакҳоро ба шаҳракҳои Ноқура ва Румайч дар ҷануби Бейрут бирасонад.


Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ду маҳмулаи дигари ҳомили хурок, об ва дору барои мардуми беҷошудаи шимол ва шаҳраки ҷанубии Тибнин тибқи барнома дар роҳ аст.


Дар ин миён, дар пайи эъломи ин қасди Исроил, ки мехоҳад доманаи амалиёти низомии марзиашро густардатар кунад, ҳазорон нафар дар ҳоли тарки шаҳри бандарии Сур дар ҷануби Лубнонанд. Ахиран, дар паи фирори мардум аз бумбборони Исроил ҷамъияти шаҳри Сур ба ҳисоби беҷошудагон афзоиш ёфта ва ба 100 000 тан расида буд. Акнун Абдулмуҳсин Ҳусейнӣ, раиси шӯрои шаҳри Сур мегӯяд, ки аз он ҷамъияти анбӯҳ танҳо 15 000 нафар дар шаҳр мондаанд.
XS
SM
MD
LG