Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон мизони ҳадди ақалли ҳаққи қалам боло рафт


Нуъмон Муқимов - раиси шӯъбаи дифоъ аз ҳуқуқи муаллиф дар вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, андозаи ҳадди ақалли ҳаққи қалам дар кишвар то панҷ баробар боло рафтааст.

Ҳамакнун муаллифон барои иншои як ҷузъи чопии як асари насрӣ на камтар аз 500 ва барои як мисроъ шеър ду сомонӣ дастмузд мегиранд. Барои асарҳои назмии дром беш аз 3000 ва барои китобҳои мансур 2500 сомонӣ барои асарҳои теотрӣ-тарбиятӣ мутаносибан 3200 ва 4300 сомонӣ, барои опера 11 500, балет 7500 ва таҳияи суруд на кам аз 600 сомонӣ муайян шудааст.

Раҷабмад Амиров - вазири фарҳанги кишвар гуфт, қабули қонуни ҷадид дар бораи баланд бардоштани ҳадди ақалли ҳаққи қалам талаби замон буд, зеро қонуни мазбур ҳафт сол муқаддам қабул ва бо пули куҳна, рубл муъайян шуда буд. Вазири фарҳанг афзуд, ин дар мавридест, ки муаллифон ҳақ доранд, дастмузди бештаре ҳам аз интишорот бигиранд:

«Андозаи ҳадди ақал минималӣ муъайян шудааст. Болояш маҳдуд нест. Ҳар кас мувофиқи салоҳдиди худ ва нашриёт шартнома баста гонорар (ҳаққ-уз-заҳма) мегирад».

Нуъмон Муқимов афзуд, ҳаққи қалам қаблан 50 000 рубли русӣ, муъодили 50 сомонӣ муъайян шуда буд, ки адибону бастакорон ва олимонро аз навиштани асарҳои марғуб дилсард карда буд.

Ва аммо афзоиши ҳаққи қалам, ки ҳамакнун тамоми интишорот, ҳатто чопхонаҳои шахсӣ тибқи он коргузорӣ мекунанд, шояд мушкили дигаре дар пай дошта бошад.

Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҳаққи қалам дар даврони шӯравӣ садҳо истеъдоди ҷавонро паси парда нигаҳ медошт, ки гурӯҳе аз удабо, интишоротро, ба истилоҳ, инҳисор карданд ва хатари такрори ҳамин моҷаро ҳамкнун бармалост:

«Дар Иттиҳоди Нависандагон номенклатура ҳаст, ки ҳар киро имкони нашри китоб намедиҳад. Ба унвони мисол, Маҳзун, шоири имрӯз маъруф ва тавоно натавонистааст, ягон бор китоби худро дар нашриёти давлатӣ чоп кунад. Онҳо, номенклатура маҳзунҳоро боз ҳам иҷозаи нашр нахоҳанд дод»

Сафар Айюбзодаи Маҳзун, ки воқеъан то фурӯпошии Шӯравӣ натавонист китобашро нашр кунад, мегӯяд, ин хатар ҷой дорад, ки ҷавонон чун дар гузашта паси дарҳои интишорот қарор бигиранд:

«Ман боре ҳам надидаам, ки китоби ҷавонҳоро нашр карда бошанд ё барои чоп дар интишороти давлатӣ тавсия карда бошанд. Шояд дар оянда ин маҳдудият бештар ба назар бирасад».

Ва аммо бархе аз хонандагони одӣ мегӯянд, ки дар аксари маворид нашри китоб арзиши пардохти ҳаққи қаламро надорад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки бо интишори ин мусавваба ҳамакнун эҳтимол дорад табъу нашри кутуби бадкайфият ва камарзиш дар интишороти давлативу шахсӣ поён ёбад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG