Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари камонварони тоҷик ба Қазоқистон


Дастаи мунтахаби занони камонвари Тоҷикистон барои ширкат дар ду мусобиқаи байнулмилалӣ рӯзи сешанбеи 1-уми август озими шаҳри Алмаатои Қазоқистон шуд. Наргис Набиева, иҷрокунандаи мақоми раиси Федеросиюни камонварии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайъати дастаи мунтахаби занони камонвари кишвар Фирӯза Зубайдова, Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо дохиланд. Вай афзуд: «Варзишкорони мо нахуст дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи камонвари машҳур Вадим Шикарев ширкат меварзанд. Воқиъан, шодравон Вадим Шикарев, ки шогирди мактаби камонварии Тоҷикистон буд, дар ҳайъати дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар аҳди шӯравӣ соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гаштааст. Камонварони мо аввалин бор дар ин мусобиқа, ки аз 2 то 6 август баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Баъдан онҳо аз 7 то 11 август дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Қазоқистон бо зӯртарин камонварони кишварҳои мухталифи ҷаҳон рақобат хоҳанд кард.»
Ва аммо хонум Набиева иброз дошт, дастаи мардонаи камонварии Тоҷикистон, ки ҳанӯз заиф аст, дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат намеварзад. Бинобар ин Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дастаи занонаи камонварии кишвар намояндагӣ хоҳад кард ва ширкати бонувони тоҷик дар ду мусобиқаи шаҳри Алмаато як давраи омодагии онҳо ба ин бузургтарин чорабинии варзишии имсола маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG