Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндониёни "ошӯбгар" ба зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳи Тоҷикистон 12 тан зиндониро ба ҷурми барангехтани ошӯб дар маҳбаси бо низоми шадид рӯзи душанбе (31 июл) ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳ як нафар зиндонӣ Баҳодур Абдулмадудовро саркардаи ошӯбгарон дониста ва ӯро ба 29 сол зиндон маҳкум кард. Дар маҷмӯъ додгоҳ барои ҳар як аз маҳбусон на камтар аз 20 сол зиндон ҷазо муқаррар кардааст. Чаҳор маъмури амниятии зиндон, ки додгоҳ онҳоро дар бурузи ошӯб гунаҳкор дарёфтааст, ба солҳои мухталифи зиндон маҳкум шуданд.


Поизи соли гузашта як гурӯҳ аз зиндониёни маҳбаси бо низоми шадид дар шаҳри Қурғонтеппаи Тоҷикистон даст ба ошӯб заданд. Волидони онҳо иддаъо мекарданд, ки бо фарзандонашон дар зиндон бадрафторӣ шудааст ва иллати эътирози маҳбусон низ ҳамон бадрафтории маъмурони амниятӣ будааст. Мақомоти Тоҷикистон ин иддаъоро рад мекунанд.


Нигора Ҳаитова - вакили мудофеъи Баҳодур Абдулмадудов ҳукми додгоҳ дар мавриди муваккилашро номунсифона хонд ва гуфт, ки ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд. Баҳодур Абдулмадудов пас аз эъломи ҳукм аз додгоҳ хост, ки ба онҳо иҷозаи гуфтугӯ бо хабарнигорон бидиҳад. Агарчи додрас ин имконро барои ӯ фароҳам кард, аммо Қосим Саидов - раиси зиндони Қурғонтеппа иҷоза надод, то зиндониён бо хабарнигорон суҳбате дошта бошанд.
Носирҷон Маъмурзода, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG