Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳнавардони чех барои фатҳи Помир омадаанд


Гурӯҳи кӯҳнавардони Ҷумҳурии Чех барои ширкат дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон омадааст. Раъно Собирова, корманди масъули Маркази байналмилалии кӯҳнавардии «Алп-Машков» ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин гурӯҳ Роман Пекар, кӯҳнаварди маъруф, ки бори севвум ба Тоҷикистон омадааст, раҳбарӣ мекунад. Ва аҷибаш ин аст, ки имсол ин гурӯҳ тавассути мошин ба Тоҷикистон омадааст.
Роман Пекар, раҳбари гурӯҳи кӯҳнавардони чех ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайат панҷ нафар дохиланд, ки соҳиби касбҳои мухталиф - пизишк, рассом ва рӯзноманигор мебошанд. Сафари мо 26 июни соли равон аз шаҳри Плзени Ҷумҳурии Чех оғоз шудааст. Пас аз тай кардани беш аз 9 ҳазор километр роҳҳои кишварҳои Чехия, Словакия, Укроин, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон тавассути мошини тамғаи «УАЗ», ки соли 1970 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол шудааст, мо рӯзи 28 июл ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе расидем. Шоми рӯзи душанбеи 31 июл ба ноҳияи Ҷиргатол сафар карда, сипас тавассути чархбол ба урдугоҳи аслӣ - майдони Москвина парвоз мекунем. Баъди мутобиқшавӣ ба шароити обу ҳавои Помир дар талоши фатҳи қуллаи Евгения Корженевская ва қуллаи Исмоили Сомонӣ хоҳем шуд.»
Ба гуфтаи хонум Собирова дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ, ки то рӯзи 30 август идома хоҳад кард, беш аз 150 кӯҳнавард аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Ва як хабари дигар. Эъломия дар бораи ҳамкориҳо миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Ба ин санад раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии Чин Зайтсин Юй имзо гузоштанд. Бар асоси ин эъломия, минҷумла баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишкорони Тоҷикистону Чин, таъсиси синфҳои омӯзишии мураббиёну мутахассисони ин соҳа дар назар аст. Ҳамчунин мувофиқи дархости ҷониби Тоҷикистон Кумитаи миллии олимпии Чин барои омодагии варзишкорони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин, кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG