Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳе ба паси парда


шаҳри Душанбе Дар хиёбонҳои Душанбе, дар паҳлуи «Азия Плюс», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Зиндагӣ», «Миллат», "Бизнес и политика", «Вақт», "Оила" ва ғайра нашрияи нав ба фурӯш баромад.

Сайидалии Сиддиқ, сардабири нашрияи нави «Собития» ё «Рӯйдодҳо», ки ҳамин акнун шумораи дуюми он аз чоп даромад, мегӯяд, аз мушкили сабти номи нашрия, дарёфти кӯмакҳои молӣ, ҷамъоварии кормандону нависандагон ва пайдо кардани чопхонаи муносиб гузашт ва ҳоло бо мушкили умдаи ҳамаи нашрияҳо, яъне расондани он ба дасти мардум рӯбарӯ мебошад.
Бо Сайидалии Сиддиқ, собиқ сардабири «Вечерний Душанбе» ва пеш аз ин собиқ корманди ҳафтаномаи «Чароғи рӯз» дар коргоҳи ӯ мусоҳиб шудем, ки аз як ҳуҷраи танг иборат буда, 6 нафар паҳлуи ҳам менишастанд ва шумораи нави ҳафтаворро омода мекарданд. Аз ӯ пурсидам, Сайидалии азиз, пеш аз ҳама зода шудани нашрияи навро ба шумо ва ҳамкорони шумо муборак мегӯям ва савол ин аст, ки шумо сардабири «Вечерний Душанбе» будед, чи зарурат пеш омад, ки даст ба чопи нашрияи нав бизанед?

Сайидалии Сиддиқ: Ҳар журналист ё қаламкаше, ки ба ҳайси сардабири ин ё он нашрияи ҷамъиятӣ, давлатӣ, хусусӣ ва ё бозаргонӣ кор мекунад, орзу дорад, рӯзе нашрияи махсуси худро дошта бошад, то битавонад, бидуни машварат бо касе хости дилашро амалӣ кунад ва ҳамаи масъулият дар дӯши худаш бошад.

Озодӣ: Вале оё дар ин бозори пур аз ҳафтанома ҷойи нашрияи нави худро дар куҷо мебинед?

Сайидалии Сиддиқ: Нашрияи мо ҷамъиятию сиёсист ва ба ҳама нашрияҳои ин равиш шабоҳат дорад. Аммо майли мо бештар ба таҳлили рӯйдодҳо нигаронида хоҳад шуд. Оё ин ё он воқеъае, ки ба амал омад, чӣ сабабу омилҳо дошт ва ба ҳаёти ҷомеа чӣ таъсире хоҳад гузошт? Аз ин лиҳоз мо мехоҳем, бо мардум дар робитаи танготанг ва бевоситаву доимӣ бошем ва назарҳои гуногуни мардумони гуногунро нашр кунем. Ҳамчун бисёр рӯйдодҳои гузашта ҳастанд, ки ба таври бояду шояд баррасӣ нашудаанд, ҳарчанд чизе дар ин замина хилофи Қонуни матбуоти Тоҷикистон нест. Аммо бо чӣ сабабҳое нашрияҳои кишвар аз рафтан ба умқи ин рӯйдодҳо худдорӣ кардаанд ё худдорӣ мекунанд. Як самт ё сабки кори мо таҳқиқи журналистӣ хоҳад буд. Бояд на танҳо зоҳири ҳодиса, балки ботин ё паспардаи он низ ифшо шавад. Ин майдони ҷавлони мо хоҳад шуд.

Озодӣ: Аз ду шумораи аввал баъзеҳо мегӯянд, ин нашрия ба ҳафтаномаи пурмоҷарои «Совершенно секретно» ё комилан махфӣ монанд аст, вале дигарҳо мегӯянд, кӯшиши он ба самти «Коммерсант» аст. Сардабир чӣ мегӯяд?

Сайидалии Сиддиқ: Ман фикр мекунам, мо, агар тавонем, бояд хосияту вижагиҳои хуби ҳам «Совершенно секретно» ва ҳам «Коммерсант»-ро дар худ гунҷонем, вале симои хоси худро дошта бошем. Ин ду нашрия ҳар кадом бартариҳои махсусе доранд ва агар дар баъзе мавридҳо шабеҳи ҳам бошанд, дар мавридҳои дигар комилан фарқ мекунанд. Муҳим ин аст, ки нашрия барои хонанда шавқангез ва судманд бошад. Ҳоло ҳамкорони ман чанд мавзӯъи аҷиберо интихоб кардаву бо шикебоӣ онҳоро тадқиқ мекунанд ва дар ояндаи наздик, бовар дорам, хонанда аз асрори зиёде огаҳӣ хоҳад ёфт.

Озодӣ: Хеле хуб, аммо чаро шумо русиро ба ҳайси забони ин нашрия қарор додед?

Сайидалии Сиддиқ: Шояд барои он ки муддати зиёде дар «Вечерний Душанбе» кор кардам ва ба русӣ одати бештар дорам, ба ҳар ҳол ҳамин тур шуд.

Озодӣ: Вале оё сабаб ин набуд, ки нашрияҳои русии Тоҷикистон озодтар ба назар мерасанд, то тоҷикӣ?

Сайидалии Сиддиқ: Аз рӯи маводе ки онҳо чоп мекунанд, оре чунин ба назар мерасад. Аз рӯи интихоби мавзӯъҳои ҷолиб ва тарзи ҳалли онҳо, аз рӯи ҷасоратмандӣ ва пайравӣ аз намунаҳои хуб…

Озодӣ: Аммо биниш чӣ тур? Шояд мавзеъгирии нашрияҳои русӣ фарқ мекунад, масалан, нашрияи тоҷикӣ менависад, Эмомалӣ Раҳмонов алтернатив надорад, аммо нашрияи русӣ як листи алтернативҳои эҳтимолии Раҳмоновро дар интихоботи президентӣ нашр мекунад?


Сайидалии Сиддиқ: Дуруст аст. Ин аз худи кормандон, журналистон низ бастагӣ дорад, ки ба ҳодисаҳо чӣ гуна менигаранд ва дониши онҳо дар кадом поя аст. Вагарна, имкониятҳо барои ҳама, чӣ нашрияҳои тоҷикӣ ва чӣ русизабон якхела ва баробар аст.

Озодӣ:Ташаккур, Сайидалии Сиддиқ, сардабири ҳафтаномаи нави «Собития» ё «Рӯйдодҳо»-и чопи Душанбе
XS
SM
MD
LG