Пайвандҳои дастрасӣ

Дурнамои ҳузури низомии Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шуд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири дифоъи Фаронса Мишел Алйо Марӣ дар як дидор рӯзи душанбе (31 июл) масъалаҳои шароит ва дурнамои ҳузури нирӯҳои Фаронса дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Яке аз нукот ба афзоиши ҳузури низомии Фаронса дар Тоҷикистон дар аввали моҳи апрели соли равон дахл дошт, ки дертар ноқаноатмандии ҳампаймонҳои Тоҷикистон дар Созмони Шонгҳай ва Паймони амнияти дастҷамъиро ба миён овард.


Фаронса пас аз Русия дуввумин кишварест, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад ва он тибқи узвияти Тоҷикистон дар эътилофи байнулмилалии зидди терроризм таъсис ёфтааст. Пойгоҳи Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои ҳамлу нақли нирӯ ва муҳимоти ҳарбию башарӣ истифода мешавад ва ба қавли мақомоти Тоҷикистон хосияти муваққатӣ дорад. Ду кишвар дар ҳар ним сол масъалаи боз ба шаш моҳи оянда идома додани ҳузури ҳарбиёни Фаронса дар Душанберо баррасӣ мекунанд.


Хонуми Марӣ дар садри як ҳайъати низомиёни баландрутбаи Фаронса ҳини бозгашт аз Афғонистон дар Тоҷикистон таваққуф кард ва пас аз гуфтушунид бо ҷаноби Раҳмонов ҳамчунин бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мулоқот дошт. Гуфта мешавад, нирӯҳои иловагии Фаронса танҳо то моҳи ноябри имсол дар Душанбе боқӣ хоҳанд монд. Дар ҳоли ҳозир пойгоҳи Фаронса дар Тоҷикистон аз 400 сарбоз (қаблан 250), 2 ҳавопаймои борбар ва 6 ҳавопаймои ҷангӣ (қаблан ҳамагӣ 4) иборат аст. Афзоиши ҳузури ҳарбии Фаронса ба ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон марбут дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG