Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсе исломӣ миёни як хонандаи мо ва пажӯҳишгари омрикоӣ


Бо салом. Ман назаре доштам дар бораи гуфтаҳои хонум Дейвис, ки мегуфт, фарҳанг ба мазҳаб рабте надорад. Ман бо ин назар мухолифам. Зеро исломи ноби муҳаммадӣ (с) динро аз фарҳанг ҷудо намедонад, балки фарҳангу дин, яъне ҳамон вокеъияти дини ислом аст ва бархоста аз ислом аст, на ғайра.
Саидҷон

---------------------------------------------------
Оқои Саидҷон. Ман бо изҳори назари шумо мухолифате надорам. Ва бояд таъкид кунам, ки ҳич назари худамро дар ин ҷо матраҳ накардаам. Иттилоъоти ман аз мусоҳибаҳое бармеояд, ки бо бархе аз арҷмандтарин андешамандони ислом анҷом додаам. Он ҷумлаи манро бисёре аз донишварони ислом низ мегӯянд ва шарҳи он чунин аст: мардуми ноогоҳ маъмулан бар ин боваранд, ки бархе аз ойинҳои фарҳангишон реша дар ислом дорад, дар ҳоле ки ин иддаъо метавонад воқеъият надошта бошад. Бале, дуруст аст, ки ба эътиқоди бисёре аз донандагони ислом ин кеш ҳам фарҳанг асту ҳам мазҳаб. Аммо мардум дар саросари ҷаҳон дар ҳоли санҷидани ин мавзӯъанд, ки оё фарҳанг ва суннатҳояшон бо омӯзаҳои ислом созгору ҳамнаво ҳаст ё на. Як намунаи ин баҳсҳо масъалаи хатнаи занон дар кишварҳое ба монанди Судон ва Миср аст. Бисёре аз мардуми он кишварҳо замоне бовар доштанд, ки хатнаи занон реша дар ислом дорад. Аммо бисёре аз исломшиносон дар Миср ва Судон ба натиҷае расидаанд, ки ин ойин ба торихи пеш аз исломии кишварҳояшон бармегардад ва аз фароизи ислом нест. Ин танҳо як намуна аст. Агар ба кишварҳое чун Индонезӣ ё Молезӣ сафар кунед, баҳсҳои зиёдеро хоҳед шунид, ки марбут ба ойинҳои фарҳангии роиҷ ва омӯзаҳои динист. Дар фарҷоми сухан бояд бигӯям, ки изҳори назари ман мухолифи дидгоҳи шумо нест. Бо бисёре аз донишмандони огоҳи ислом ҳам мусоҳиба кардаам, ки дидгоҳи шуморо доранд. Ҳамин ки ислом бояд ҳам фарҳанг, ҳам мазҳаб ва ҳам, дар воқеъ, худи зиндагӣ бошад.
Ҷойс Дейвис
XS
SM
MD
LG