Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрон дар Ховари Миёна: рӯзи 21


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
---------------------------------------------------

Вазъияти Ховари Миёна - ваҳшат, даҳшат ва дар маҷмӯъ, бемаънигӣ дар сатҳи "олӣ"-ро мемонад. Чунин ҳолат мақоли "об аз сар лой мешавад"-ро пеши назар меорад. Дар сатҳи байнулмилалӣ, ки дуруштиву дурӯғу фиреб роҳи ҳал ба ҳисоб меравад, пас биёед беҳтараш чунин рафторҳоро расман меъёри ҷомеъаи кунунӣ эълон дорем!
Чи ҳоҷати "мубориза" бар фасод дар ин ё он сатҳи поёнист?!
Довар
---------------------------------------------------

Ба номи худо. Чи хеле ки мегӯянд, терорист марз намешиносад ва ба ҳар давлат, гурӯҳ ва афроди мутафарриқа ҳамла мекунад, ин худи Исроил аст. Исроил як давлати терористӣ дар ҷаҳон аст. Барои ҳамин маҳофили байнулмилалиро гӯш намекунад ва худи кишварҳои урупоӣ, аз ҷумла Омрико хостори вазъияти кунунӣ дар Ховари Миёна ҳастанд. Чунки Исроил зодаи худи ҳамин кишварҳо унвон шудааст.
Нуъмон
---------------------------------------------------

Салом! Бо ин таърифи номушаххасе, ки аз терроризм дар сатҳи ҷаҳон дорем, ҳаргиз наметавон умеде ба оромӣ дар ҷаҳон дошт ва аз ҷумла дар Лубнони азияткашида,чунки ҳар давлат ва режими сиёсие бо террорист хондани мухолифонаш роҳи саркӯб ва нобудии онҳоро бар худаш осонтар ва ҳамвортар мекунад. Ба назари ман, бар хилофи он чи ки Омрико ва Исроил Ҳизбуллоҳро як гурӯҳи террористӣ муъаррифӣ мекунад,Ҳизбуллоҳ як гурӯҳи озодихоҳи ватан ва сарзаминаш мебошад. Агар ҳар кас, ки аз ватан ҳимоят мекунад, террорист бошад, пас бояд нерӯҳои инглисие, ки дар ҷараёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аз Бритониё дар баробари Олмони фошистӣ муҳофизат мекарданд, низ бояд террорист қаламдод шаванд.То ба кай ин меъёрҳои дугона дар ҷомеъаи байнулмилал давом мекунад ва ҷони ҳазорҳо инсонро мегирад ва амнияти миллии миллатҳои нотавону бечораро таҳдид мекунад?!Намедонам. Омрико ва Исроил, то замоне ки ҳалли буҳронро манут ба ин бидонанд, ки Ҳизбуллоҳ бояд нобуд ё халъи силоҳ шавад, маҳофили байнулмилалӣ наметавонанд ин буҳронро ҳал кунанд.
Рустам, Машҳад
---------------------------------------------------

Салом ба хонандагони радио Озодӣ. Албатта, аз вақте ки ҷангҳои ахир дар Ховари Миёна сар шуд, дигар ман ба Омрико ва меъёрҳои демократики Омрико бовар надорам. Ва ин ҳодисае, ки рӯзи якшанбе (30 июл) дар рустои Қоно шуд, ки даҳҳо кӯдакро Исроил бо силоҳҳое, ки Омрико ба Исроил додааст, ба қатл расонид... Омрико дам намезанад ва аз демократия дифоъ намекунад. Куҷост ҳуқуқи инсон? Куҷост Созмони Милали Муттаҳид? Ба худо савганд, ки ман аз ин демократия бисёр нафратам омадааст. Дигар ҳаргиз намехоҳам ва ҳатто орзу намекунам, ки ин демократия, ки бо хун омадааст, ба кишвари азизам дохил шавад. Бигзор кишвар бе демократия бошаду дар куштори кӯдакон даст надошта бошад. Бо эҳтиром
Ҳусайн, Ландан
---------------------------------------------------

Салом. Ман фикр мекунам, ки калиди ҳалли низоъи Ховари Миёна дар дасти Омрикост. Ва чун сиёсати берунаи Омрико ғасбгароёна аст, пас ин низоъ ҳеч гоҳ ҳал нахоҳад шуд. Дар сиёсат мафҳуме ҳаст: терроризми давлатӣ. Ин мафҳум ба Исроил хос аст...
Маҳмадраҳим
---------------------------------------------------

Салом ба ҳамаи кормандони радиёи Озодӣ ва касоне, ки дар ин баҳсҳо раъйи худро медиҳанд. Дар бораи Лубнон ҳаминро метавонам гуфт, ки чунон ки давлатҳои Ғарб мегӯянд, ин ҷанг бо терроризм аст, ин тавр нест. Ин хатост. Ҳизбуллоҳ ҳақ дорад аз ватану замини худ дифоъ кунад. Исроил террорист аст, ки мехоҳад заминҳои онҳоро ғасб кунад... Мардуми бечораро бумбборон мекунанду боз шарм надошта, онҳоро терорист мегӯянд. Дар Фаластин кӯдаконе, ки дар гаҳвораанд, ба шаҳодат мерасанд. Оё онҳо терористанд? Ё мардуми солманд, ки дар Афғонистону Ироқу Лубнону Фаластин ба ҳалокат мерасанд, оё терористанд? На, балки мусалмонанд ва дуъо мекунам, ки Худоё, ҳамеша дар кишвари мо мисли ҳозира оштӣ, якдигарфаҳмӣ пойдор бошад ва ҳидояти руасомонро, Худоё, зиёда гардон. Ташаккури зиёд. Бародари шумо
Аминҷон
XS
SM
MD
LG