Пайвандҳои дастрасӣ

"Мусиқии муқовимат" ба ривояти Ди Ҷей Боббито


Боббито Гарсиа, як Ди Ҷей ё сафҳагардони омрикоист, ки дар шаҳри Нйу Йорк ба сар мебарад ва танҳо бо мусиқии муқовимат сару кор дорад. Вай дар оҳангҳояш, ки ҳолати рап дорад, масалан, мегӯяд, "мехоҳам рӯзе дар Теппаҳои Сурхи Ҷорҷ (номи маҳалле дар Омрико) писарони ғуломони собиқ ва писарони ғуломдорони пешин пушти мизи муштараки бародарию баробарӣ бинишинанд..." Дар як гуфтугӯи телефунӣ бо Боббито аз ӯ хостам, ки худашро барои ҳаводорони Садои Тозаи Озодӣ муъаррифӣ кунад ва "мусиқии муқовимат"-ашро тавзеҳ диҳад:

Боббито: Номи ман Боббито Гарсиа Ди Ҷей Cucumber Slice аст. Аз соли 1996 бад-ин сӯ дар шаҳри Нйу Йорк зиндагӣ мекунам ва аз соли 1998 то ҳоло дар родю ба унвони Ди Ҷей ё сафҳагардон кор мекунам. Ман талош мекунам, ки мусиқии ман ҳамеша дар хидмати мардум бошад ва ба одамҳо эҳсоси хушӣ бидиҳад. Мусиқии ман қодир аст, ки мардуми афсурдаро шод кунад ва уфуқҳоро густардатар кунад. Ҳадафи ман ин аст, ки мардумро аз нигарониҳо ва ошуфтагиҳои рӯзгор раҳо кунем. Шеваи кори ман дар мусиқӣ ҳамеша ошкор кардани чизҳои пинҳон будааст.

Пурсиш: Чи чизҳоеро ошкор мекунед ва эътирози шумо алайҳи чист?

Боббито: Агар ба олбуми ахири ман гӯш бидиҳед, хоҳед шунид, ки ман мавзӯъҳои мухталиферо матраҳ мекунам ва алайҳи падидаҳои гуногуне эътироз мекунам. Дар олбуми ман эътироз алайҳи зиндон, печидагиҳои санъатӣ (индустриалӣ) дар Омрико, фақру бенавоӣ, беъадолатии нажодӣ... ҳама ва ҳама мавҷ мезанад. Мусиқии ман дар бораи озодист. Андешаҳои озодибахш, диди боз ба масоили рӯзгор ва дурустию сиҳҳати сиёсӣ.
XS
SM
MD
LG