Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Крейг Мори: Фарҳанги тоҷикони Узбакистон дар хатар аст


Мори: Мутассифона, давлати Бритониё чандин бор ношири китобро таҳдид карда буд, ки дар сурати чопи китоби ман ба додгоҳ кашида хоҳад шуд. Яъне вазорати хориҷа намехост, ки ин китоб чоп шавад. Дар натиҷа маҷбур будем як давраи тӯлонӣ ва гарони машваратҳои ҳуқуқиро сипарӣ кунем. Ва дар ниҳоят китоб мунташир шуд.

Пурсиш: Ки ин тур... Оё онҳо тавзеҳ доданд барои шумо, ки чаро ин китоб набояд чоп шавад?

Мори: Давлати Бритониё муддаъист, ки бояд хотироти кормандони собиқи давлатро таъйид кунад. Китоби ман ҳам хотиротам аз маъмурияти диплумотикам дар Тошканд аст. Аз ин рӯ бояд таъйиди давлатро барои чопаш мегирифтам. Аммо онҳо хотироти маро таъйид накарданд. Дар воқеъ, мо муътақидем, ки онҳо ҳаққи қонунии ин корро надоранд. Ба ҳар ҳол Бритониё ҳадди ақал то ин авохир кишваре буд бо озодии баён. Бад-ин ҷиҳат, мо ба ҳарфи давлат гӯш надодем ва китобро мунташир кардем ва ҳоло мунтазирем, то бибинем, ки оё давлат алайҳи мо иқдом хоҳад кард ё на.

Пурсиш: Китоби шуморо, ки мехондам, эҳсос кардам шумо ба тоҷикони муқими Узбакистон як навъ ҳусни таваҷҷуҳу ҳамдардӣ доред. Чаро?

Мори: Ман фикр мекунам ҳама дар Узбакистон зери истибдоди режими он ҷо шадидан ранҷ мебаранд. Вале қавми тоҷик дар Узбакистон мушкилоти вижае дорад. Зеро ҳуқуқи онҳо ба унвони як ақаллияти қавмӣ дар Узбакистон нақз мешавад ва онҳо аз лиҳози забонӣ табъиз мешаванд, мактабҳои тоҷикӣ баста мешавад. Яъне давлат аз як навъ сиёсати миллигароёнаи узбаксозӣ пайравӣ мекунад.

Пурсиш: Суҳбат аз давлатест, ки зоҳиран боъис шуд корномаи шуморо ба унвони сафири давлати қудратманде чун Бритониё зери суол бибарад. Агар ин иддаъои шумо дуруст бошад, ки фарҳанги тоҷикон зери юғи давлати Ислом Каримов дар маърази хатар аст, чи коре аз дасти тоҷикони Узбакистон сохтааст? Шумо дар китобатон як рақамеро ҳам овардаед, ки аз 80 мадраса ё мактаби тоҷикӣ фақат 12 адад боқӣ мондааст.

Мори: Бале, ман фикр мекунам онҳо ҳар кореро, ки аз дасташон сохтааст, бояд анҷом диҳанд, то фарҳанги худро зинда нигаҳ доранд. Рӯшан аст, ки ҳоли ҳозир барои онҳо ташкили як муқовимати ошкор алайҳи давлат кори бисёр сахт аст. Зеро мо дар Андиҷон ва ҷоҳои дигар дидем, ки режими Узбакистон бо мухолифони ошкораш чи кор мекунад. Онҳо дар ҳоли ҳозир бояд дар хонаҳояшон ба забони модаришон суҳбат кунанд, ҷашнҳояшонро баргузор кунанд, ба кӯдаконашон омӯзиш диҳанд, то фарҳангашонро зинда нигаҳ доранд ва мунтазири замони беҳтаре бимонанд. Як нуктае, ки маро андӯҳгин мекунад, ин аст, ки ҷавомеъи дигари ҳамзабони тоҷикони Узбакистон ба онҳо таваҷҷуҳе надоранд. Ман фикр мекунам, ин масъулияти давлати Ирон аст. Ирон бояд ба гирифтории тоҷикҳо таваҷҷуҳ кунад, дар ҳоле ки инро мо намебинем. Албатта, Тоҷикистон як кишвари кӯчаки заъиф аст ва кори зиёде аз дасташ сохта нест. Вале ҳатто агар давлати Тоҷикистон ошкоро дар мавриди сарнавишти ақаллияти тоҷики Узбакистон изҳори нигаронӣ кунад, кумаке барои онҳо хоҳад буд.

Пурсиш: Хуб, ҳоло ки китобатонро бо заҳмат мунташир кардед, машғули чи кори дигаре ҳастед, оқои Мори?

Мори: Ман ҳоло ҳавосамро рӯи филме бар асоси китоби Қатл дар Самарқанд мутамаркиз кардаам. Коргардон Майкл Винтерботтом рӯи ин филм кор мекунад. Ин як филми ҳунарӣ хоҳад буд ва Ҳоливуд дар он даст дорад. Қарор аст филмбардории он соли оянда сурат бигирад ва филм соли 2008 рӯи парда хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG