Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти бознишастагонро кӣ мегирад?


Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо хадамоти ҳифзи иҷтимоии Русия нахустин фонди ғайридавлатии нафақаро барои муҳоҷирони кории тоҷик таъсис додааст. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, таъсиси чунин як бунёд аз чанд ҷиҳат,барои муҳоҷирин ва умуман афроде, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, муфид ва кафолатнок мебошад. Мӯъмин Холиқов, раиси бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Ин бунёд бо маблағгузории сохторҳои Русия таъсис дода шуд ва чанд рӯзи қабл аз ҷониби вазорати адлияи Тоҷикистон,ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин Шӯрои муштарак таъсис ёфтааст, ки ба назорати фаъолияти ин бунёд дар Русия ва Тоҷикистон,машғул хоҳад шуд."

Аммо бархе аз сокинони пойтахт мегӯянд, дар сурате ки пайдо кардани ҷойи кор дар Русия осон нест ва на ба ҳар муҳоҷири тоҷик дастёбӣ ба кори сердаромад муяссар мешавад, чӣ гуна метавон дар мавриди бунёди нафақаи муҳоҷирин суҳбат кард: "Ба назари ман, бояд аввал муҳоҷирони кориро дар Русия ҷойи кор ва маоши беҳтар диҳанд,то онҳо тавонанд ба ин бунёди нафақа аъзо шаванд."

Дар ҳамин ҳол, Даврон Валиев, раиси бунёди тозатаъсиси ғайридавлатии нафақа дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт: "Бунёди мазбур на танҳо бо шахсони алоҳида,балки бо ширкатҳо ва корхонаҳо дар хориҷи кишвар шартнома мебандад ва маблағҳои дар бунёд ҷамъ омада, кафолатнок гардонда шудааст." Мусоҳиби дигари мо Салим Шоҳимардонов, сокини ноҳияи Ҳисор, ки тоза аз муҳоҷирати кори Русия баргаштааст, аммо чунин назар дорад: "20 дар саде ки аз маоши муҳоҷирон гардонда мешавад, агар бо қурби пули дар замони пардохти нафақа амалкунанда дода шавад, одилона мешвад, дар акси ҳол яъне агар мисли солҳои шӯравӣ мардум солҳои дароз заҳмат кашида, нафақаи ночиз бигиранд, ин ноҳаққӣ мешавад."

Бино ба гуфтаи Мӯъмин Холиқов, раиси бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, 2 сол қабл бо маблағгузории ду ширкати хориҷӣ дар Душанбе чунин як бунёди ғайридавлатӣ таъсис ёфтааст, аммо ин ширкатҳои хориҷӣ маблағҳои зиёдеро аз аҳолӣ ҷамъ карда, аз кишвар фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG