Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудият дар роҳи тавзеъи нирӯи барқ акнун лағв шудааст


Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир имкон надорад, ки барқи тавлидкардаи худро ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия ва Қазоқистон содир кунад. Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», рӯзи ҷумъаи 28 июл бо эъломи ин хабар гуфт, бо иллати он ки тавлиди барқ нисбат ба солҳои қаблӣ фасли тобистони соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст, ин ширкат бо ягон харидори хориҷии худ созишнома ба тасвиб нарасонид.


Оқои Самиев афзуд, ширкати «Барқи тоҷик» танҳо ҳудуди 700 миллион киловатт соат барқи дар фасли зимистон аз Ӯзбакистон гирифтаро бозпас баргардонид. Вале мегӯяд ӯ, ҷиҳати воридоти нирӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон то ҳудуди якуним миллиард киловатт соат дар фасли зимистон гуфтушунид доранд, аммо ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд. Зеро ба эътиқоди ӯ дар ин маврид ҳамчунин масъалаи транзити нирӯи барқ аз Қирғизистонро бо ҷониби Ӯзбакистон матраҳ кард. Зеро Ӯзбакистон метавонад ҷиҳати амалишавии ин созиш мухолифат намояд.


Ба гуфтаи оқои Самиев, барои бори аввал аст, ки оби обанбори Норак дар фасли тобистон аз меъёр 19 метр поин рафтааст ва агар чунин ҳол идома мекард, имкон дошт, Тоҷикистон дар фасли тобистон ба бӯҳронӣ энержӣ рӯ ба рӯ мешуд. Аммо ӯ афзуд, дар робита ба ин мушкил бо супориши ҳукумати кишвар дар минтақаҳои кишвар тайи ду ҳафтаи ахир меъёри интиқоли барқ ҷорӣ шуда буд ва чун вазъ ба гунаи мусбат тағийр ёфт, шурӯъ аз субҳи имрӯз ин меъёр дубора лағв карда шуд.
Бароти Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG