Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғунро билохира кӣ хоҳад сохт?


Ваъдаи дубораи раисиҷумҳури Русия дар мавриди сармоягузории сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ахиран зимни як сӯҳбати телефонӣ ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонов итминони хотир додааст, ки барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун аз буҷаи ҳукумати кишвараш сармоя ихтисос хоҳад дод. Ба назари бархе аз таҳлилгарон ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ин гуна ваъдаи Владимир Путин навъе пуштибонии Кремл аз Эмомалӣ Раҳмонов дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Шокирҷон Ҳакимов, сарпарасти Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд: "Кор ки аз ҳадд гузашт, президенти Русия маҷбур шуд бовар ва кафолат диҳад, ки сохтмон, албатта, мешавад. Ба ҷуз аз манофеъи иқтисодиву геополотикӣ дар ин ҷо сиёсат низ ҷой дорад ва ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Ва, албатта, ҳукумати феълии русия ҳавасманд аст, ки Раҳмонов сари қудрат боқӣ бимонад, чунки бо ин ҳукумат кор кардан барои Русия осонтар аст."

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, мудири маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ муътақид аст, ки нашри ин хабар як амали таблиғотист, аммо дар айни ҳол, мегӯяд вай, дар воқеъ Русия роҳе дигар ҷуз сармоягузорӣ ба сохтмони Роғунро надорад, агарчанд дар шароити феълӣ баъид ба назар мерасад, ки Русия битавонад аз буҷаи давлатии худ барои ин сохтмон бештар аз 2 миллиард долларро пайдо кунад: "Вақте як ширкати бузургтарини русӣ бо далоили мухталиф аз сохтани ин нирӯгоҳ худро қафо кашидааст, ҳоло мушкил аст гуфтан ки оё Русия инро аз буҷаи расмиаш месозад ё на? Оё Русия метавонад сохтмони як нирӯгоҳи бузурги ҳазинааш 2 миллиард долларро дар як кишвари дигар маблағгузорӣ кунад?"

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси мустақили тоҷик вале мегӯяд, дар шароити феълӣ ва вобаста ба сафороии нирӯҳо ва афкори ҷомеаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонов ниёзе ба чунин навъи таблиғ барои касби оро надорад.

Аммо ҳамзамон бо нашри хабари мувофиқати Владимир Путин барои сармоягузории Роғун аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия, интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ шуда ва бисёре ин иқдомро як навъ фишори давлати Ислом Каримов ба Тоҷикистон медонанд. Ҳукумати Узбакистон ба чанд далел ба сохтмони сарбанди Роғун мухолифат меварзад. Валае дар сари ин масъала коршиносон ва нирӯҳои сиёсӣ иттифоқи назар доранд. Шокирҷон Ҳакимов: "То рӯзе ки мо дигар воситаҳои иқтисодии ҷавобӣ ба Узбакистонро пайдо накунем, Узбакистон, албатта, афзалияти худ дар мавриди нирӯи барқ ва газро истифода хоҳад кард ва инро ба сиёсат табдил додааст. Мо бояд новобаста ба ин фишорҳо, кӯшиш кунем, ки бо гузашт аз баъзе манфиатҳо муносиботро хубтар кунем ва ё дигар механизмҳоеро кор карда бароем, ки дар муқобили фишангҳои Узбакистон тоб оварда тавонем."

Сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун яке аз мавзӯъҳои баҳсангези як соли охир дар маҳофил ва саҳафоти матбуоти Тоҷикисттоон будааст. Ин баҳсҳо вақте дубора шиддат пайдо кард, ки ширкати русии РусАЛ, ки баъди имзои тавофуқ бо Тоҷикистон ва расми оғози сохтмон дар сентябри соли гузашта ба дунболи дидор ва мулоқоташ бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар мавқеъи худ таҷдиди назар кард ва то кунун дар мавриди шароити сохтмон, баландии сарбанд ва саҳми ду ҷониб ба тавофуқи дубора даст наёфтаанд. Ва акнун имкон дорад, ширкати РусАЛ низ аз сохтмони Роғун канор гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG