Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯробод - мушкилзотарин бахши марз бо Афғонистон


Минтақаи Шӯробод дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон осебпазиртарин қитъаи марзӣ миёни ду кишвар боқӣ мондааст. Марзбонони тоҷик ҳанӯз ҳам муваффақ ба назорати комили ин қисмати марз нашудаанд ва қочоқбарон умдатан аз ҳамин минтақа ба манзури интиқоли маводди мухаддир истифода мекунанд. Сафаралӣ Сайфуллоев, фармондеҳи ситоди марказии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо эътирофи ин воқеъият гуфт, мавқеъи ҷуғрофиёии минтақаи мазкур, ки аслан кӯҳистонист, назорат бар онро мушкил кардааст.


Фармондеҳи ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, барои муроқибат аз марз муҳимтарин кумак ва ҳамкориро мардуми минтақаи марзӣ метавонанд бикунанд, аммо ба гуфтаи вай, бархе аз сокинони ин минтақаҳо тарҷеҳ медиҳанд бо қочоқчиёни маводди мухаддир ва марзшиканон ҳамкорӣ кунанд ва ин ҳол кори марзбононро мушкил мекунад. Женерол Сайфуллоев гуфт, ки ҳатто бархе аз сокинон марзшиканонро дар хонаҳои худ махфӣ мекунанд.


Муҳаммад Довуд, муъовини вазири дохилаи Афғонистон низ зимни конфронси ахире, ки дар мавриди тақвияти марзҳо дар Душанбе баргузор шуд, гуфта буд, дар воқеъ ин қисмат аз марз душвортарин минтақаи марзист ва назорат бар он нирӯ ва васоили зиёд мехоҳад.


Аммо женерол Сайфуллоев гуфт, зимни мулоқоте, ки масъулони Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Кобул бо мақомоти Афғонистон ахиран анҷом доданд, тавофуқ шудааст, ки як воҳиди марзбонии иборат аз 300 нафарро дар минтақаи мазкур, дар соҳили чапи рӯдхонаи Панҷ мустақар кунанд. Ба бовари масъулони кумитаи марзбонии Тоҷикистон, он гоҳ назорат бар марз дар ин минтақа осонтар хоҳад шуд ва бад-ин тартиб аз қочоқи маводди мухаддир ҷилавгирии бештаре ба амал хоҳад омад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG