Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти се раисиҷумҳур дар Душанбе ва суҳбатҳои хайрбодии Ричард Ҳоугланд


Нашрияи «Азия плюс» ҳамоиши сарони се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон дар Душанберо «ҳамоиши ориёӣ» унвон гузошта ва ҳадафи ин ҳамоишро матраҳ кардани масоили минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо ном бурдааст. Нашрия менависад, раисиҷумҳурии Ирон дар нишасти хабарӣ гуфтааст, баъзе нирӯҳо алайҳи тақвияти ҳамкории кишварҳои мо бархостаанд, аз ин рӯ бояд, муносиботи мо тавсеъа ёфта ва хеле қавӣ шавад. Ба навиштаи муаллифи матлаб, Маҳмуди Аҳмадинажод дар посух ба пурсиши эҳтимоли ҳамлаи Омрико ба Ирон посух додааст, ки «Омрико кишвари мо ва мардуми моро хуб медонад ва бигзор дар ин маврид амиқтар андеша кунанд. Кишвари нирӯманд ҳам худ ва ҳам манофеъи худро метавонад ҳифз кунад».

Вале «Миллат» ин ҳамоишро «Аҷам бедор мегардад?» унвон карда ва аз ширкати раисони ҷумҳури ду кишвари Тоҷикистону Ирон дар расми гушоиши нақби мошингарди Анзоб, ки шимоли Тоҷикистонро бо ҷануб мепайвандад ва бо сармоягузории Ирон бунёд шудааст, хабар медиҳад. Ба навиштаи «Миллат», раисиҷумҳурии Ирон дар ин маросим гуфтааст, пешрафти Тоҷикистон ва эҳёи иқтисоди ин кишварро пешрафти Ирон медонад ва аз ҳеч талоше барои расидан ба ин ҳадаф дареғ нахоҳад кард. «Миллат» бо таваҷҷӯҳ ба тавофуқоти миёни Тоҷикистону Ирон дар соҳоти мухталиф бо истинод ба назари коршиносон менависад, Ҷумҳурии Исломии Ирон аз имконоти молӣ, фаннӣ, илмӣ ва иттилоъотӣ бархурдор буда дар ҷустуҷӯи фурсатҳои муносиб барои тавзиф намудани онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошад.

Аммо дар ҳамин ҳол нашрияи «Вечерний Душанбе» аз ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои мустақилли ҳамсуд хабар дода, менависад, дар доираи ин ҳамоиш Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия ва Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони аспрез мулоқот кардаанд. Ва ба навиштаи нашрия, ин мулоқот ғайрирасмӣ буда ва танҳо ба танҳо сурат гирифтааст. Ва менависад, аз мӯҳтавои ин мулоқот ба хабарнигорон иттилоъ надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Факты и комментарии» менависад, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидори ғайрирасмӣ гуфтааст, «Ҷиргаи кишварҳои мустақилли ҳамсуд пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар рушди кишварҳои узв саҳми чашмгире дорад ва мо бояд ҳамеша фаъъолиятҳои худро дар доираи ин иттиҳод ҳамоҳанг созем, то аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем. Имрӯз ин иттиҳодия ба ислоҳот ниёз дорад ва бояд бикӯшем, ки ин созмон ҳомии ҳадафҳои мо бошад».

Аммо «Наҷот», нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИ) интихоботи қарибулвуқӯъи ҲНИ-и Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода ва иттилоъ медиҳад, ки ин ҳизб дар интихобот бо номзади худ ширкат хоҳад кард. Ва низ назархоҳии худ дар мавзӯъи "Президенти Ояндаи Тоҷикистонро чи гуна дидан мехоҳед?"-ро низ дар ин шумора идома додааст. Нашрия назари як сокини Душанбе ба ин суолро овардааст: «Замони нав, таҳаввулот ва раҳбари дигарро тақозо менамояд, ки аз ҷиҳати равонӣ бо диди дигар воқеъиятро дарк намуда, роҳбурди муносибро рӯи кор гирад. Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «События» як мусоҳиба бо интихобкунандаи рамзӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом дода, аз вазъи имрӯзаи кулли раъйдиҳандагон, мушкилот ва назароти онҳо ба интихобот иттилоъ додааст.

Аммо дар бораи поёни маъмурияти Ричард Ҳоугланд - сафири Омрико дар Тоҷикистон аксари нашрияҳо дар ин ҳафта гуфтугӯҳои ихтисосӣ бо ин диплумоти омрикоиро чоп кардаанд. Оқои Ҳоугланд ба суоли хабарнигори «Миллат», «Чаро Омрико дар Укроин ва дигар манотиқи дунё зери ливои демократия гом мениҳад, аммо дар либоси жандарм ва бо хушунат вориди минтақаи мо шудааст?» гуфтааст: "Фикр мекунам, қабл аз он ки Омрико вориди ин минтақа бишавад, зӯроварӣ ва хушунат аз сӯи Ал-Қоъида ва Толибон, ки ҳам дар сари қудрат дар Афғонистон қарор доштанд, дар минтақа бештар буд, балки ба авҷ расида буд. Мо ҳамеша ба демократия мусоидат мекунем, зеро муътақидем, ки демократия субот меорад.»
XS
SM
MD
LG