Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 20 миллион доллари дигар медиҳад


Рӯзи панҷшанбе, 27 июл, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ 3 созишномаи нави молӣ ба имзо расид, ки бар асоси он, ин ниҳоди байналмилалии молӣ ба манзури иҷрои барномаҳои ҷилавгирӣ аз густариши сирояти вируси зукоми мурғ ва анҷоми ислоҳоти сохторҳои давлатии Тоҷикистон 20 миллион доллар ихтисос медиҳад.


Аз ин маблағ 5 миллионаш сарфи барномаи пойин бурдани хатари густариши вируси ангезандаи бемории кушандаи зукоми мурғ буда, 5 миллиони дигараш сарфи ислоҳоти сохтори двлатии Тоҷикистон хоҳад шуд. 10 миллиони боқимонда аз ин маҷмӯъаи кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Барномаи стротежии коҳиши фақри аҳолии Тоҷикистон ироа шуда, низ махсуси барномаҳои ислоҳотист.


Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири дороии Тоҷикистон дар маросими имзогузорӣ ба ин 3 қарордоди молӣ гуфт, кӯмакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба навсозии сохтори давлати Тоҷикистон мусоидат карда, асли шаффофиятро таҳким мебахшад. Ба ақидаи вазири дороӣ, ин барномаҳо дар пойин бурдани мизони фақр ва тақвияти бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон кӯмак хоҳанд шуд ва иҷрои барномаи мубориза бо густариши зукоми мурғ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар муқобили чунин амрози қаттол омода бошад.


Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти Бонки Ҷаҳонӣ пайваста, дар ин муддат аз ин ниҳоди молӣ ба маблағи 422 миллион доллар қарзҳову кӯмакҳо дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG