Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи нахустин бунёди ғайридавлатии бознишастагон


Ахиран дар вазорати адлияи Тоҷикистон нахустин бунёди ғайридавлатии нафақа сабти ном шуд. Як ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин сандӯқ, ба гуфтаи муассисонаш, таҳти шароити қонунҳои иҷтимоии кишвар овардани кору зиндагии онҳоест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.


То кунун бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик, ки шуморашон ба садҳо ҳазор нафар мерасад, таҳти шароити қонунҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни нафақаи кишвар қарор надоштанд ва ба ин далел, собиқаи кори онҳо дар Русия ва кишварҳои дигар ба собиқаи умумии кори онҳо изофа намешуд.


Феълан нафақаи миёна дар Тоҷикистон тақрибан 108 сомонӣ, муодили чизе бештар аз 30 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Давлати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ мизони нафақаи мардум, аз ҷумла нафақаи ҳадди ақалро боло бурд. Бо ин ҳол, мақомоти Бунёди давлатии ҳифзи иҷтимоӣ мегӯянд, дар пайи боло рафтани нафақаи бознишастагону маълулон қарзи ин ниҳод аз нафақахӯрон афзуда ва ба 16 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 5 миллион доллар баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG