Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созишномаҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон


Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар пуштибонии худро аз сиёсати ҳукумати Афғонистон дар бунёд ва таҳкими як ҷомеаи демократӣ, таъмини амният ва ваҳдату оромӣ дар Афғонистон эълон кард. Дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Афғонистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҳомиди Карзай дар шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми июл ҳамчунин тазаккур ёфт, ки Тоҷикистон иштироки худро дар бозсозии Афғонистон, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои зербиноӣ, шабакаҳои барқу роҳ ва густариши тиҷорат идома ва афзойиш хоҳад дод. Дар Эъломияи муштараке, ки ду сарвар ба имзо расонданд, омадааст, ки ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти умумият ва пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвар муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии некро густариш ва таҳким хоҳанд дод. Тарафҳо гуфтаанд, бо дарки амиқи таҳдидҳои терроризми байнулмилал, ифротгароӣ, афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳамоҳангӣ ва ҳамкории густардатар ниёз доранд. Дар ин мулоқот ҳамчунин се созишномаи густариши ҳамкориҳо дар риштаҳои омӯзишу парвариш ва бозпас додани маҳбусон ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG