Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳамзабон бо се низоми мутафовит роҳ ба куҷо мебаранд?


Таҳлилгарони масоили сиёсии минтақа бар ин назаранд, ки пас аз ҳодисаи 11 сентябр ва шурӯъи амалиёти зиддитерур дар Афғонистон Кобул зери сояи Омрико рафт. Тоҷикистон чун дар гузашта бародари кӯчаки Русия боқӣ монд ва Ирони исломӣ ба хотири раҳоӣ аз фишори Омрико ва Ғарб ба Русия наздиктар шуд. Ва сарони ин се кишвар бо се низоми сиёсии хосси худ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф гирди ҳам омаданд.

Оё суҳбатҳое, ки роҷеъ ба ҳамкориҳо дар риштаҳои мухталиф анҷом мешавад, бидуни назардошти манофеъи кишварҳои абарқудрат сурат хоҳад гирифт? Оё ҳузури абарқудратҳо дар амри густариши ҳамкориҳои амалии Ирону Тоҷикистону Афғонистон монеъ иҷод мекунад?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов - раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин назар аст:

«Ҳузури Омрико дар Афғонистон намегузорад, ки тарҳҳои мавҷуди байни ин кишварҳо ҳамаҷониба татбиқ шавад. Зеро Иёлоти Муттаҳида намехоҳад, ки Ирон дар Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо кунад. Аз ин рӯи ин омил боъиси метавонад дар амри ҳамкории ин кишварҳо халал ворид созад».

Сиёсатшиносон баргузории мулоқоти сеҷонибаи Раҳмонов-Аҳмадинажод-Карзай дар Теҳрон дар зимистони гузаштаро намуна меоранд, ки гӯё бо мусоъидати Иёлоти Муттаҳида оқои Карзай ба баҳонаи номуносиб будани обу ҳаво ва беморӣ дар ин нишаст ҳозир нашуд. Ва масоиле, ки мебоист ҳафт моҳ қабл миёни сарони ин се кишвар баррасӣ мешуд, дар Душанбе мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Аммо таҳаввулот дар минтақа бавижа пас аз амалиёти зиддитеруристӣ дар Афғонистон фосилаҳо дар мавзеъгирии кишварҳои таъсиргузор дар сиёсати минтақаро кӯтоҳ кард. Ва ин имкон дод, ки Ирон дар майдони иқтисоди Тоҷикистон ҷои пои бузургтаре пайдо кунад ва ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар роҳи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир фаъолтар шавад.

Рустам Ҳайдарзода коршиноси мустақили Тоҷикистон мегӯяд:

«Раҳбарони ин кишварҳо ба ин шакл, ки дар Душанбе ҷамъ омадаанд, то кунун гирди ҳам наёмада буданд. Ва то кунун ҳар як аз аз ин кишварҳо ба хотири манофеъе масири хоссеро дунбол мекард. Ҳоло бо тағйири вазъ дар минтақа ин кишварҳо бо назардошти муштаракоти фарҳангию забонӣ метавонанд ҳамкорӣ кунанд».

Носири Сармадии Порсо - сафири Ирон дар Тоҷикистон дар суҳбати ахири худ бо хабарнигорон таъкид кард, ки бо вуҷуди муштаракоти фарҳангию забонӣ Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон се кишваре бо се низоми сиёсӣ ва сиёсатҳои хосси худ зиндагӣ доранд. Ва бо мавзеъҳои устувори худ дар саҳнаҳои сиёсӣ ба ҳузури худ идома медиҳанд. Вай гуфт:

«Ин се кишвар ба таври куллӣ дар қолиби се низоми сиёсӣ, бо қаламрави ҷуғрофиёии худашон, бо вижагивои хосси худашон тарроҳӣ шуда, ки умедворем ҳамкориҳо умқи бештаре пайдо кунад».

Дар ҳамин ҳол Ричард Ҳоугланд - сафири Омрико дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкории Ирону Тоҷикистон, бо назардошти муштаракоти фарҳангӣ, як амри табиъист. Вай гуфт:

"Мо хуб медонем, ки Ирону Тоҷикистон дорои фарҳангу торихи ягона ҳастанд ва ин як амри табиъист. Аммо Тоҷикистонро мешояд ба унвони як кишвари кӯчак, на як бюалеи чанд ҳамшарик дошта бошад ва танҳо бо як нарик намешавад такя кард»

Ва аммо ба назари бархе аз коршиносон, Тоҷикистон сарфи назар аз тақозо ё хостаҳои кишварҳои абарқудрат усули ҳамзистӣ водор месозад, ки Тоҷикистону Ирону Афғонистон ва ҳар кишвари дигари ҳамсоя дар ҳаёти иҷтимоъӣ ва иқтисодии ҳам саҳм бигиранд.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд:

«Усули ҳамзистӣ водор мекунад, ки Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон сарфи назар аз муштаракоти фарҳангию забонӣ муносибати ҳамсоягӣ дошта бошанд. Имрӯз Афғонистону Ирон ба барқи Тоҷикистон ниёз дорад ва Тоҷикистон ба маблағи Ирон ниёз дорад»

Ҳамин тавр, ҳосили ин ҳамкориҳо бар рӯи ҳусни ҳамсоядорӣ бунёди тунели Анзоб, ифтитоҳи корхонаи троктурсозии Ҳумо аз ҷониби Ирон дар Тоҷикистон, чопу нашри асарҳои адибони тоҷик дар Теҳрон ва интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва муборизаи муштараки Афғонистону Тоҷикистон дар роҳи қочоқи маводди мухаддирро метавон баршумурд.
XS
SM
MD
LG