Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳи нашрияҳои Ирон ба дидори Аҳмадинажод аз Тоҷикистон


Рӯзномаи Кайҳон хабар медиҳад, ки "вузарои сиёсӣ ва иқтисодии Ирону Тоҷикистон панҷ ёддошти тафоҳум ва мувофиқатнома дар заминаҳои мухталиф дар Душанбе имзо карданд". Дар ҳамин рӯзнома мехонем, ки дар теотри уперо ва болеи Айнии Душанбе намоишгоҳи "Исфаҳон - пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом" бо ҳузури оқои Аҳмадинажод ифтитоҳ шудааст. Рӯзномаи Иттилоъот аз адои эҳтироми Аҳмадинажод ба бинои ёдбуди Амир Исмоъили Сомонӣ гузориш медиҳад ва аз ин ки раисиҷумҳурии Ирон дар оғози вурудаш ба Душанбе ба пояи тандиси Исмоъили Сомонӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон гул нисор кард.

Аммо рӯзномаи Шарқ бо як гузориши кӯтоҳ иктифо накарда ва риштамақолотеро зери унвони "Гирдиҳамоии порсизабонон дар Душанбе" мунташир кардааст. Нависандаи мақолот дар бораи нақши фарҳангу забони муштарак дар иҷоди эътилофҳои минтақаӣ бо истинод ба андешапардозони барҷастаи ғарбӣ менависад, ки забони муштарак дар наздикии беш аз пеши кишварҳо бисёр муассир аст. Вале вай меафзояд, "кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон бар хилофи Ирон аз ҷумлаи кишварҳои зхаъифи минтақа ҳастанд, ки вуҷуди чандпорагии сиёсӣ ва буҳронҳои дохилӣ солҳост, ки ин кишварҳоро дучори ақибмондагӣ ва тавсеъанаёфтагии ҳамаҷониба кардааст. Ирон гарчи талош кард, то бо кумакҳои худ ба ин ду кишвар вазъияти онҳоро беҳбуд бахшад, аммо ин ду кишвар то расидан ба вазъияте қобили қабул ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш доранд."

Рӯзномаи Шарҳ дар идомаи мақола муруре дорад ба торихи ахири Тоҷикистон ва ҳимояти Ирон аз Абдуллоҳи Нурӣ ва мухолифони исломии Душанбе дар оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон. Сипас дар ин навишта ишорае мешавад ба талоши Ирон барои расидани Тоҷикистон ба сулҳ ва ин ки бо омадани Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия ва фосила гирифтани Русия аз сиёсатҳои ғарбгароёнаи Елтсин "равобити Ирону Русия низ таърифе дубора ёфт ва русҳо бар нақши Ирон дар муносиботи Осиёи Миёна нигоҳе созандатар иттихоз карданд."

Рӯзномаи Шарқ дар ин мақолаи таҳлилӣ ишорае дорад ба сафари ахири Эмомалӣ Раҳмонов ба Маскав ва ширкати вай дар ҳамоиши кишварҳои мустақилли ҳамсуд ва изҳори умедворӣ мекунад, ки оқои Раҳмонов бо дасте пур аз Маскав баргашта бошад, то мизбонии иҷлоси сеҷонибаи порсигӯёнро уҳдадор шавад. Ин рӯзнома бо ишора ба ҳузури Тоҷикистон дар созмони Шонгҳой ба унвони узви муассис ва ҳамчунин таъаллуқи хотири фарҳангии ин кишвар бо Ирон, менависад: "Тоҷикистон дигар як кишвари камаҳамият ва кӯчак дар минтақа нест, балки кишварест, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ҷойгоҳи худ дар минтақа метавонад сарпули хубе барои аҳдофи калони сиёсати хориҷии Ирон бошад." Вале рӯзномаи Шарқ меафзояд, ки "бетардид аҳамияти Ирон барои Тоҷикистон беш аз аҳамияти Тоҷикистон барои Ирон аст" ва аз ҳамин акнун сафари оқои Аҳмадинажод дар миёни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бозтоби мусбате доштааст.

Ба гуфтаи ин рӯзнома, Ирон барои Тоҷикистон "сарзаминест, ки на танҳо қодир аст дар тавсеъаи иқтисодии ин кишвар нақшофарин бошад, балки метавонад аз лиҳози фарҳангӣ низ ба унвони як марҷаъ ба он бингарад."

Рӯзномаи Шарқ дар поёни ин матлаб мақолаи дигареро зери унвони "Ошноӣ бо сохтори сиёсии Тоҷикистон" низ чоп кардааст.

Хабаргузории Офтоб ҳам дар сомонаи интернетии худ матлаберо мунташир карда зери унвони "Як миллат, ду кишвар", ки бештар ҷанбаи фарҳангию торихӣ дорад. Дар ин матлаб мехонем:

"Дар ҳоле ки ирониён пас аз таҳоҷуми аъроб аз гуфтану навиштани порсӣ маҳрум шуда буданд, ин Сомониён буданд, ки аз шимоли Тоҷикистони феълӣ қиём карданд ва ҳукумати мустақилли ирониро ташкил доданд ва дар домани ҳамин ҳукумат буд, ки номдорони бузурге ҳамонанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Абӯшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Бӯъалӣ Сино ва дигарон рушд карданд." Нависандаи ин мақола меафзояд: "...Тоҷикҳо аз ирониҳо ҳам иронитаранд. Онҳо Амир Исмоъили Сомониро самбули миллии худ медонанд ва муҷассамаи бузурги вайро дар маркази шаҳри Душанбе насб кардаанд, воҳиди пули худ ва даҳҳо хиёбони муҳимму бузурги илмиро ба ҳамин унвонҳо ном ниҳодаанд".
XS
SM
MD
LG