Пайвандҳои дастрасӣ

'Муҳоҷирини корӣ бояд омӯзиш бинанд'


ОБ: Дар Душанбе махсус як созмони ғайридавлатӣ ҳаст. Ҳоло ин созмон мехоҳад дар ноҳияҳое, ки аз он ҷо ба Руссия бештар муҳоҷирини корӣ мераванд, марказҳо боз кунад. Дар ин марказҳо онҳо ба муҳоҷирин қонунҳои Руссия ва роҳу равиш дар ин кишварро меомузонанд. Ба ҷуз аз ин мо ду сол аст, бюллетенҳои махсус чоп мекунем. Ин корро Лигаи Занони Ҳуқуқшинос анҷом медиҳад. Ин бюллетенҳоро дар ҳавопаймоҳо, поездҳо ва автобусҳое, ки ба Руссия мераванд, ба муҳоҷирин тақсим мекунанд. Дар ин бюллетенҳо дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирин маълумоти зарурӣ оварда шудааст. Ҳатто ҳангоми дучор шудан ба баъзе проблемаҳо машварат дода шудааст, ки ба куҷо ё ба кӣ муроҷиъат кунанд. Дар он адреси маркази мо дар Маскав ва панҷ шуъбаи он дар шаҳрҳои дигар дода шудааст. Яке аз ҳамин гуна шуъбаҳо дар Санкт-Петербург аст, ки ҳоло мо дар ҳамин ҷо машғули баррасии масъалаи муҳоҷирини кории тоҷик ҳастем.

РО: Дар ин мулоқот шумо чӣ масъалаҳоро баррасӣ мекунед?

ОБ: Мо дар ин мулоқот чаҳор нафар ширкат дорем. Хонум Касандра-раиси барномаҳо аз Амрико, Аҳмадҷон Медюев аз Қирғизистон, ки бо мо ҳамкорӣ мекунад ва Мирзозода, ки дар ҷамъияти тоҷикони Санкт Петербург кор мекунанд. Мо дар мулоқот ин масъаларо баррасӣ мекунем, ки чӣ бояд кард, ки муҳоҷирини моро надоранд, чӣ тавр кунем, ки онҳо қонунӣ ба Руссия биёянд, қонунҳоро донанд, онҳоро аз баъзе масъалаҳо ҳимоя кунем. Дар ин ҷо масъалаи Хуршеда Султонова низ матраҳ шуд. Мо мехоҳем бо вакили мудофеъи вай вохурем ва суҳбат кунем. Мо мехоҳем коре кунем, ки дар мурофиаи додгоҳии вай воқеъият ошкор шавад.

РО: Оё созмони шумо дар Руссия воқеъан ҳам барои таъмини ҳуқуқи муҳоҷирин ба онҳо кумак мекунад, масалан, бо созмонҳои маҳаллӣ дар тамос шудан, аз ҳақи муҳоҷирин дифоъ кардан ва мисли инҳо?

ОБ: Намояндагиҳое, ки мо дорем, бо мақомоти маҳаллӣ низ муносибати хуб доранд. Мо, махсусан, бо созмонҳои ғайридавлатӣ бештар кор мекунем. Аз тариқи канали севвуми Руссия барномаи хубе дар бораи нақши муҳоҷирин дар пешрафти иқтисоди ин кишвар нишон дода шуд. Ман бояд бигуям, ки вақтҳои ахир дар матбуъоти Руссия мақолаҳои хуб ҳам ба чоп мерасанд. Бо намояндагони порламон ду бор вохурдем. Як руз даъват кардем, онҳо омаданд, мо фикрамонро гуфтем. Яъне намояндагони мо дар Руссия бо матбуъот, телвизён, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони порламон хуб ҳамкорӣ мекунанд.

РО: Ахиран дар мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон, яъне Ҷи-8 дар шаҳри Санкт Петербург масъалаи муҳоҷирин низ матраҳ шуд ва раиси ҷумҳури Руссия таъкид кард, ки ба муҳоҷирини корӣ қонунҳо ва роҳу равиши корро бояд омузиш дод. Барои амалӣ шудани чунин пешбиниҳо дар оянда Бунёди Сорос барномаҳое дар назар хоҳад гирифт?

ОБ: Албатта, мо ин масъалаҳоро қабл аз ин гуфтаҳо дар назар гирифта будем. Ҳар тоҷике, ки ба Руссия меравад, бояд бидонад, ки ин чӣ гуна кишвар аст, вайро чӣ интизор аст, вай бояд то андозае забонро донад, қонунҳоро донад ва тавонад худро то андозае ҳимоят кунад ва донад , ки дар чӣ шароите ба кӣ бояд муроҷиъат кунад. Мо се-чаҳор моҳи пеш як пурсише анҷом додем, то ин масъалаҳоро рушан кунем. Ман хеле хурсандам, ки Путин ба ин масъала дахл кард. Матраҳ шудани ин масъала дар мулоқоти ҶӢ-8 хеле муҳим аст. Ман медонам, ки дар Руссия баъзе созмонҳо мехоҳанд пул дода, муҳоҷирини кориро дар Тоҷикистон омузиш диҳанд ва баъд онҳоро ба Руссия оранд. Ҳоло мо ин корро мекунем, ки бизнесменҳо дар сурати эҳтиёҷ доштан ба нируи корӣ 50 дарсади пулро ба Тоҷикистон фиристанд, то бо ин пул муҳоҷирин омузиш гиранд ва сипас ба Руссия оянд. Ман медонам, ки дар Тотористон ин таҷруба ҳаст. Мо ҳам мехоҳем ин корро ҷорӣ кунем.

РО: Шумо бизнесмен ё тоҷирон, ки мегӯед, тоҷирони тоҷикро дар назар доред ё корфармоёни Руссияро?

ОБ: Ман тоҷирони русро дар назар дорам, зеро онҳо манфиъатдоранд, ки муттахассисро ба кор қабул кунанд.
XS
SM
MD
LG