Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доду ситади дониш


Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон қасд дорад дар соли нави таҳсил беш аз 100 донишҷӯи хориҷиро бо таҳсил фаро бигирад. Ҷамол Аҳмадов - муъовини раиси донишгоҳ дар умури равобити байнулмилал дар суҳбат бо барномаи «Ояндасоз» гуфт, то имрӯз дар донишгоҳ 174 донишҷӯи хориҷӣ аз Ирону Сурия, Ҳинду Покистон ва Афғонистон таҳсил мекунанд, ки аксарият риштаҳои ҷарроҳиву дандонпизишкиро тарҷеҳ медиҳанд. Ба қавли мусоҳиби мо, барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар шуъбаҳои қарордодии донишгоҳ 1500 дуллор муқаррар шудааст. Ҷамол Аҳмадов афзуд: «Имсол мо ҳамчунин шуморе аз донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсил ба Қазоқистон мефиристем ва баръакс, донишҷӯёни қазоқро ба донишгоҳи худ қабул хоҳем кард»

Кӯдакони маълули парваришгоҳи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон соҳиби хобгоҳи нав мешаванд. Бинои нави дутабақа дар маркази ноҳия ба ибтикори Заррина Хираҷ - як шаҳрванди Бритониё ва бо пуштибонии молии созмонҳои байнулмилалӣ бунёд мешавад. Тарҳи сохтмони хобгоҳ аз сӯи бунёди Оғохон сурат гирифта ва барои бунёди он 240 ҳазор дуллор ихтисос ёфтааст. Ситора Шокамолова - як корманди бунёди Оғохон гуфт, хобгоҳи нав барои 80 тифли маълул пешбинӣ шудааст: «Дар ин марказ кулли шароит барои рушд ва зиндагии атфоли маълул фароҳам мешавад. Бунёди хобгоҳ, ки тарҳи он дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати ноҳияи Рӯшон эҷод шудааст, то як сол тӯл хоҳад кашид»

Ба иллтаи камбуди омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар макотиби миёнаи кишвар, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон барои тарбияти мутахассисони ин ришта шуъбаи махсусеро таъсис додааст. Раҳбарии донишгоҳ мегӯяд, ки қасд дорад бад-ин гуна макотиби тоҷикзабони кишварро бо омӯзгорони ҳирфаии забон ва адабиёти рус таъмин кунад. Чунин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки надонистани забони русӣ аз мушкилоти умдаи аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия арзёбӣ мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2006 маргумири кӯдакони зери як сол дар Тоҷикистон аз 1000 мавриди таваллуд 17,1 дарсадро ташкил додааст, ки ба маротиб бештар аз нишондоди соли гузашта аст. Ин рақам ахиран аз ҷониби Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдошти кишвар дар ҷараёни як нишасти хабарӣ эълом шуд. Оқои Файзуллоев мегӯяд, ки 70 дарсади ҳодисаҳои маргумири кӯдаки навзод ба иллати зоймон дар шароити хона сурат мегирад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки 60 дарсади ҳодисаҳои фавти кӯдакон ба камхунӣ ва сӯъитағзия (бадғизоӣ)-и модарон бастагӣ доштааст. Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдошти Тоҷикистон ин бора гуфт: «Дар ҳоли ҳозир мо аз ниҳодҳои худ мехоҳем, ки ягон ҳодисаи фавти модару кӯдакро пинҳон надоранд. Ва ҳамроҳ бо дигар созмонҳои байнулмилаливу мақомоти маҳаллӣ барои кам кардани мавориди зоймони хонагӣ ва бад-ин гуна коҳиши мавориди маргумири модару кӯдак талош кунем»
XS
SM
MD
LG