Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари варзишгарони навраси тоҷик ба София


Дастаи мунтахаби таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони аз 14 то 18-сола, ки аз 26 то 31 июл дар пойтахти Булғористон - шаҳри София баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати тими мунтахаби кишвар шаш писару шаш духтар дохиланд. Дастаи писаронаро Далер Шарифӣ, Манучеҳр Назаров, Беҳрӯз Набиев, Мақсудбек Маҳмудов, Парвиз Муродов ва Мансур Раҳматов ташкил медиҳанд. Дастаи духтарона аз Зарина Икромова, Нигора Ҳамидова, Зӯҳро Холова, Рухшона Саидазимова, Елена Мухторова ва Дилафрӯз Боҳирова иборат аст. Ба гуфтаи ҷаноби Яҳёев, барои сафари ҳайати варзишии Тоҷикистон ба Булғористон 72 ҳазор сомонӣ ё беш аз 21 ҳазор доллар масраф хоҳад шуд, ки 55 дар сади онро Кумитаи варзиши ин кишвар ихтисос додааст ва маблағи боқимонда аз ҳисоби Федеросиюни таэквондои ҷумҳурӣ, сарпарастон ва волидайни варзишгарон пардохт мешавад.
XS
SM
MD
LG