Пайвандҳои дастрасӣ

Эгеланд: Дар Ховари Миёна қонунҳои башардӯстона нақз шудааст


Ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон субҳи имрӯз (24 июл) ҳам идома дошт. Бад-ин тартиб, ин муноқиша вориди 13-умин рӯзи худ шуд.


Пулиси Лубнон мегӯяд, ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар ҷануби Лубнон ба урдугоҳи оворагони фаластинӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шудааст. Арабистони Саъудӣ аз Ҷорҷ Буш -раисиҷумҳурии Омрико хостааст, ки барои қатъи амалиёти ҷангии Исроил бар зидди Ҳизбуллоҳ дар Лубнон подармиёнӣ кунад, то аз афзоиши талафот ҷилавгирӣ ба амал ояд.


Шоҳзода Саъуд ал-Файсал - вазири хориҷаи Арабистон рӯзи якшанбе дар ҷараёни мулоқоташ бо Ҷорҷ Буш - раисиҷумҳурӣ ва Кондолиза Райс - вазири хориҷаи Омрико ин дархостро дар Вошингтон ба миён ниҳод. Ҳоло хонум Райс дар роҳи расидан ба Ховари Миёна. Вай нахуст аз Исроил боздид хоҳад кард. Рӯзи якшанбе ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил Бейрут - пойтахти Лубнон ва шарқу ҷануби ин кишварро бумбборон карданд. Ҳизбуллоҳ низ бори дигар шаҳри Ҳайфоро мӯшакборон кард.


Ян Эгегланд - ҳамоҳангсози кумакҳои фаврии СММ гуфт, бумбборонҳои "даҳшатнок"-и Исроил дар Бейрут ва атрофи он, ки чанд ситоди Ҳизбуллоҳ ҷой гирифтааст, қонунҳои башардӯстонаро нақз кардааст.


"Чанд руз аст, чунин вазъ идома дорад. Аз ним милён то як милён нафар шадидан ба кумакҳои байналмилалӣ ниёз доранд. Захмиҳое ҳастанд, ки кумаки зарурии тиббӣ намегиранд. одамоне ҳастанд, ки оби поку софи ошомиданӣ надоранд. Ҳазорон нафар одамоне ҳастанд, ки воқеъан дар минтақаҳои оташ қарор доранд. Мушкилиҳо дар Бейрут ва манотиқи ҷанубии кишвар мавҷуд аст".


Аз оғози ин ҷанг тақрибан 370 нафар дар Лубнон кушта шудаанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён мебошанд. Аз ҷониби исроил 37 нафар кута шудаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қибрис ва Туркия ҳазорон нафарро, ки аз аз ҳамлаҳои Исроил аз Лубнон фирорӣ шудаанд, қабул кардаанд. Дируз 3 ҳазор нафар шаҳрвандони Конодо, Устролиё ва Амрико вориди Мерсини Туркия шуданд. Мақомоти Қибрис мегуянд, имруз ҳудуди 10 ҳазор нафари дигаррро интизоранд. То ҳол Қибрис беш аз 30 ҳазор нафарро, ки шаҳрвандони кишварҳои мухталифанд, истиқбол кардааст. Мақомот тахмин мезананд, ки мумкин аст, шумораи фирориён аз Лубнон ба 70 ҳазор нафар расад.
XS
SM
MD
LG