Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Викториа: "Дуруд бар Тоҷикистон!"


Дориюш Викториа духтари ҷавонест, ки чанд сол пеш сокини Прог - пойтахти Ҷумҳурии Чек шудааст. Аммо садои зебои ӯ боъис шуд, ки пас аз муддате кӯтоҳ номи вай сари забонҳо биуфтад. Ҳамакнун оҳангҳои ин овозхони ҷавонро метавон дар кӯча-хиёбонҳои Прог шунид. Оё ин роҳи комгорӣ чи гуна паймуда шуда? Аз худи Викториа мепурсем:

Пурсиш: Пеш аз ҳама, Викториа, ту ки сокини Ҷумҳурии Чек ҳастӣ, аз куҷо инглисиро ба ин хубӣ ёд гирифтаӣ?

Викториа: Чунки ман мутаваллид ва бузургшудаи Офриқои Ҷанубӣ ҳастам ва ҳашт сол пеш бо хонавода ба Ҷумҳурии Чек муҳоҷират кардем. Падари ман чек аст ва дар даврони кумунизм вай кишварашро тарк кард ва саросари қораи Офриқоро паймуд ва саранҷом дар Офриқои Ҷанубӣ сокин шуд.

Пурсиш: Ва овозхониро кай шурӯъ кардӣ?

Викториа: Аз даврони кӯдакӣ. Ман дар як калисои кӯчаке сурудҳои мазҳабӣ мехондам. Дар даҳсолагӣ пиону менавохтам. Ин ҷо ҳам ки омадам, омӯзиши мусиқиро идома додам. Вале вақте ки яке аз бошгоҳҳои бузурги Ҷумҳурии Чек гушоиш ёфт, онҳо аз меҳмонон хостанд, ки довталабона микруфунро ба даст бигиранду овоз бихонанд. Дӯстони ман маро ташвиқ карданд, ки ин корро бикунам. Ман ҳам гуфтам, бошад, мушкиле нест. Ди Ҷей як оҳангеро пахш мекарду ман ҳам ба бозхонии он тарона пардохтам. Як коргардон ё продюсери мусиқӣ маро он ҷо дид ва пурсид, ки оё мехоҳам бо ӯ кор бикунам ва дар бошгоҳҳои мусиқӣ овоз бихонам. Вале он замон ман ҳам дарс мехондаму ҳам кор мекардам ва ин пешниҳодро хеле ҷиддӣ нагирифтам. Вале ду сол пеш тасмим гирифтам як олбум мунташир кунам.

Пурсиш: Аз чи сабки мусиқӣ бештар хушат меояд: поп, рок, R&B (Rhythm and blues - мусиқии мудерни шод, ки дар даҳаи 1940 тавассути омрикоиҳои офриқоӣ поягузорӣ шуд) ё чизе дигар?

Викториа: Бастагӣ дорад ба ҳаводоронам. Худи ман бештар ба R&B алоқа дорам, вале мардуми Ҷумҳурии Чек бештар ба мусиқии рок алоқа зоҳир мекунанд. Мешавад мушоҳида кард, ки мусиқии ин ҷо умдатан мубтанӣ бар рок аст. Ҳашт сол пеш ман R&B мехондам ва ин навъи мусиқӣ тадриҷан вориди кишвар мешуд ва танҳо панҷ сол пеш R&B дар Ҷумҳурии Чек ҳам ба таври густарда матраҳ шуд. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам бештар R&B бихонам. Вале аз мусиқии рок ҳам бадам намеояд ва онро ҳам иҷро мекунам (механдад).

Пурсиш: Мавзӯъи оҳангҳоят чи ҳаст?

Викториа: Ин ҳам бастагӣ дорад ба ҳолу ҳавои ман. Вале маъмулан дар бораи равобити инсонӣ мехонам ва мавзӯъҳои дигар ҳам ҳаст.

Пурсиш: Оё фикр мекунӣ, ки ба муваффақияти мавриди назарат даст ёфтаӣ ва ба орзуят расидаӣ?

Викториа: Худоё, на, ҳанӯз хеле зуд аст. Бале, ман ба шуморе аз ҳадафҳоям расидаам. Аз ҷумла ин ки дар санъати мусиқии Ҷумҳурии Чек муваффақам. Вале ман воқеъан мехоҳам фаротар аз ин ҷо биравам ва дар кишварҳои дигар ҳам матраҳ бошам. Барои ҳамин ҳам талош мекунам, ки олбуми баъдии ман беҳтар аз олбуми аввалам бошад. Он ҳам мураккаб аз оҳангҳои R&B аст, вале ҳолу ҳавои дигаре хоҳад дошт. Олбуми нахуст бештар ҷанбаи тиҷорӣ дошт, вале ҳоло мехоҳам бештари оҳангҳоям мубтанӣ бар эҳсосот ва мутафовит бошад.

Пурсиш: Оё фақат дар Ҷумҳурии Чек ҳунарнамоӣ мекунӣ ё ба кишварҳои дигар ҳам сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳӣ?

Викториа: Бале, ман маъмулан ҳамин ҷо кунсерт мегузорам ва ба зудӣ ба Ҷумҳурии Слувокӣ хоҳам рафт. Ман ба тозагӣ дар бошгоҳҳои мусиқии саросари Ҷумҳурии Чек ҳунарнамоӣ кардам ва фикр мекунам, ки кунсертҳои бисёр муваффақиятомезе доштам.

Пурсиш: Оё фақат ба инглисӣ мехонӣ?

Викториа: ман фақат як таронаамро ба забони чекӣ хондаам. Иттифоқат ҳамин таронаи ахирамро. Қаблан ман худамро танҳо мутаъаллиқ ба мусиқии ҷаҳонӣ медонистам. Вале баъдан тасмим гирифтам барои ҳама рӯшан созам, ки ман дар Ҷумҳурии Чек зиндагӣ мекунам. То мардум фикр накунанд, ки ман ҳам як духтараки омрикоиам. Вале ҳоло фикр мекунам, ки дигар ба забони чекӣ нахоҳам хонд. Фақат як талош буду халос.

Пурсиш: Шояд ба хотири ин ки вақте чекӣ мехонӣ, лаҳҷаи ғализи инглисӣ дорӣ?

Викториа: Иттифоқан, на. Лаҳҷаи ғализ надорам. Ман ин забонро фаро гирифтам ва фикр мекунам ба хотири сомеъа ё шунавоии мусиқоиам ман тавонистам талаффузи чекиро ба хубӣ ёд бигирам. Аз ин рӯ, ман лаҳҷаи ғализ надорам.

Пурсиш: Хеле олӣ! То ҳоло чанд олбум сохтаӣ?

Викториа: Фақат як олбум ва ҳоло рӯи олбуми дуввумам кор мекунам.

Пурсиш: Номи олбумат чист?

Викториа: "Викториа. Ин манам".

Пурсиш: Ҳоло пурсиши ниҳоӣ. Оё Тоҷикистонро мешиносӣ? Кишваре ҳаст бо ҳамин ном. Чизе дар борааш шунидаӣ?

Викториа: Ҳмм... На, намешиносам.

Пурсиш: Чаро ки мухотабони мо дар Тоҷикистон ҳастанд. Чун ман туро ба шунавандагонамон дар Тоҷикистон муъаррифӣ мекунам, мехоҳам онҳоро ҳам бо ту ошно кунам.

Викториа: О! Дуруд бар ҳама! Ман паёме дорам барои ононе, ки таронаҳои маро мешунаванд. Агар шумо мусиқии R&B ё оҳангҳои шодро дӯст доред, метавонед ба сомонаи интернетии ман саре бизанед. Ва агар дар бораи оҳангҳои ман назаре доред, лутфан дар ҳамон сомонаи интернетӣ барои ман бинависед. Нишонаи сомонаи ман ин аст: www.victoriamusic.cz ва... бале, нигоҳе ба ин сойт биандозед ва умедворам, ки мусиқии маро биписандед.
XS
SM
MD
LG