Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз иди забон дар Тоҷикистон


Имрӯз дар Тоҷикистон аз иди забон истиқбол карданд. Ин ҷашн 17 сол пеш, дар таърихи 22 июли соли 1989, дар рӯзи қабули қонуни забон, ки ба забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон мақоми давлатӣ дод, таъсис ёфтааст. Имрӯз дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон ба муносибати иди забон як силсила ҳамоишҳову консертҳои ҳунарӣ баргузор шуданд. Дар ин ҳамоишҳо аҳли ҳунару адаби Тоҷикистон бештар аз мушкилоти барҷомонда дар роҳи иҷрои муқаррароти қонуни 17 сол пеш қабулшудаи забон сухан ронданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар бисёре аз идораҳову муассисаҳо, ба хусус дар пойтахт, шаҳри Душанбе коргузорӣ ҳамчунон бо забони русӣ ҷараён мегирад, дар ҳоле ки қонуни забон роҳандозии коргузорӣ танҳо бо забони давлатиро талаб мекунад.

Аммо Усмон Назир, шоиру хабарнигор ва раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ гуфтааст, бо вуҷуди гиреҳҳое, ки дар роҳи иҷрои қонуни забон боқӣ мондаанд, умедвор аст, ки ин қонун билохира иҷроӣ хоҳад шуд.
Бароти Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG