Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико барои пойгоҳи Гансӣ ба Қирғизистон 150 миллион доллар хоҳад пардохт


Бар асоси қарордоди нави байни Вошингтону Бишкек, Амрико солона дар ивази истифода аз пойгоҳи Гансии Қирғизистон ба он кишвар 20 миллион доллар танҳо пули иҷора хоҳад пардохт.
Ҷамъи кӯмакҳову ҷубронпулиҳои Амрико барои ин пойгоҳ, ки дар амалиёти зиддитеррор таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон истифода мешавад, ба 150 миллион доллар хоҳад расид. То кунун ҳаққи иҷроаи Ганси барои Амрико танҳо 2,5 миллион доллар буд ва ахиран Бишкек дар иваз аз Вошингтон тақозои 200 миллион доллар кард.

Пойгоҳи Гансӣ, воқеъ дар ҳавли фурудгоҳи Манас дар канораи шаҳри Бишкек аз поёни соли 2001, бо шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар ихтиёри нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико қарор дорад ва ба иҷрои амалиёти низомии он эътилоф кӯмак мекунад.

Қирғизистон ҳамзамон дар қаламрави худ ба як пойгоҳи ҳавоии Русия низ макон додааст. Дар пойгоҳи Русия аз ҷумла 6 ҳавопаймои ҷангии навъи МИГ мустақар шудаанд.
Насибҷони Амонӣ
XS
SM
MD
LG