Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байнулмилал Тоҷикистонро сарзаниш кард


Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) бо интиқод аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта низ дар бораи азияти маҳбусон ва бадрафтории маъмурони амниятӣ дар ин кишвар гузориш гирифтааст.


Ин созмон дар гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2005 ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон дар он сол низ гӯри афродеро, ки солҳои гузашта ҳукми қатл гирифта буданд, ба наздиконашон нишон надод, ки рафторест ноодилона.


Афви Байнулмилал мегӯяд, ки соли гузашта ба хабарнигорони тоҷик таҳдидҳои зиёд сурат гирифта ва онҳоро муҳокима ҳам кардаанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳушдори Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ба Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки соли гузашта аз давлат хоста буд, талошҳояш барои маҳви қочоқи инсон аз ин кишварро дучандон кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG