Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашни забони тоҷикӣ, тақозои ҳукми эъдом ба генерали тоҷик, идомаи баҳси Роғун ва мусоҳибаи душвор бо Зиё Абдулло


Ҳафтаномаи «Миллат» дар чанд матлаби худ вазъи имрӯзи забони тоҷикӣ ва татбиқи қонуни забонро ба баррасӣ гирифта, назари донишмандони забоншинос ва мутахассисони соҳаро ба чоп расонидааст. «Миллат» менависад, агар дар ояндаи наздик забони модарии худро аз вожаҳо ва калимаҳои туркӣ, ӯзбакӣ, русӣ ва лаҳҷаҳои роиҷ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон покиза накунем, рушди забонро дар баробари таҳаввулоти илм ва фанновариҳои ҷадид таъмин насозем, забони модарии мо ба бӯҳрони амиқтаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва аммо дар муқобил бо истинод ба гуфтаи Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ навиштааст: «Дар илми забоншиносӣ мо имрӯз қариб мутахассис надорем. Афсӯс! Дар байни адибону адабиётшиносон ҳам ин масъала дигар матраҳ намешавад.»
Дар ҳамин ҳол нашрияи «Вақт» дар матлабе зери унвони «17 соли бебарори забон» мавзӯи мазкурро ба таҳлил кашида ва навиштааст: «Дар шароити феълӣ меъёри воҳиди забони тоҷикӣ вуҷуд надорад ва истилоҳот ё вожаҳо аз ҷониби кумитаи истилоҳот қабул ва эълон намешавад, ки боиси истифодаи номатлуби вожаҳо шудааст.»
Ва ба дунболи ин ҳафтаномаи ҷадиди русзабони «Собития» дар ин маврид ба омор такя карда навиштааст, бар тибқи маълумоти барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2000 танҳо бештар 30 дарсади сокинон ғайримаҳаллии кишвар бо забони тоҷикӣ сӯҳбат карда метавонанду халос.
Вале «Азия плюс» хабар додааст, ки ҳафтаи ҷорӣ Юсуф Раҳмонов, додситони низомии кишвар, айбдоркунандаи давлатӣ, аз додгоҳ талаб кардааст, генерал Ғаффор Мирзоев, сарвари собиқи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки бо 34 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад, ба ҷазои қатл маҳкум карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки «Факти и комментарий» иттилоъ медиҳад, зимни як нишаст дар Душанбе Аарон Родез, раиси федератсиюни байналмилалии Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, лағви ҳукми қатл обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардорад. Ва нашрия меафзояд, «Манъи ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 роиҷ шудааст. Вале Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи ҳукми қатлро иҷозат медиҳад ва дар 5 намуди ҷиноёт, аз ҷумла куштор, таҷовуз, терроризм, наслкушӣ ва қатли биологии насл роиҷ аст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар нашри тозаи худ ба баҳсҳои атрофи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун дубора баргашта ва дар матлаби «Роғунро президент месозад» хабар медиҳад: «Ва ахиран моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Маскав ҷаласаи муштараки комиссияи иқтисодии Русияву Тоҷикистон оид ба ҳалли муаммоҳои ба миён омадаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун доир мегардад».
Аммо ҳафтаномаи «Наҷот»-ро масоили байналмилалӣ, муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Ховари миёна нигарон кардааст, ки дар сармақолаи худ навиштааст, дар Ховари Миёна мардуми бегуноҳ кушта мешавад, вале чаро ҳомиёни ҳуқуқи башар хомӯшанд? Ва дар зимн изҳороти шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро нашр кардааст.
Аммо нашрияи «Бизнес и политика» ба дунболи сӯҳбат бо раиси маркази омӯзиши Ирони муосир Раҷаб Сафаров, навиштааст, Ирон дар ҷаҳони муосири ислом нақши пешворо касб мекунад.
Ва «Миллат» дубора ба баҳси Зиё Абдулло, донишманди тоҷик ва пешвоёни исломии Тоҷикистон баргашта ва зимни як гуфтугӯи мушкил аз Зиё Абдулло пурсидааст, ки оё ӯ мусалмон аст? Ва оё бими онро надорад, ки ҷанозааш нохонда бимонад? Зиё Абдулло гуфтаст, алҳамдулиллоҳ мусалмон ва бандаи умедвори Худоам ва хонаводаам суннатҳои исломиро ба ҷо меорад. Ва ҳадаф аз изҳори назари ӯ дар масоили мухталифи баҳсангез ба миён овардани фарҳанги баҳси фикрӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Барот Юсуфӣ, радиои «Озодӣ», Душанбе
XS
SM
MD
LG