Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон


Сафири Ирон дар Душанбе гуфт, ки Маҳмуди Аҳмадинажод - раисиҷумҳурии Ирон дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯъи худ ба Тоҷикистон дар маросими расмии роҳандозии тунели Анзоб ширкат хоҳад кард. Носир Сармадии Порсо рӯзи 21 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки оқои Аҳмадинажод рӯзи сешанбе (25 июл) вориди Душанбе хоҳад шуд ва таи ду рӯз дар Тоҷикистон хоҳад монд.


Дар ҷараёни ин сафар қарор аст миёни Тоҷикистону Ирон чанд санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодиву тиҷорӣ ва энержӣ ба имзо бирасад. Гуфта мешавад, ки қарор аст дар чорчӯби сафари раисиҷумҳурии Ирон ба Тоҷикистон ҳамчунин мулоқоти вай бо равшанфикрони Тоҷикистон низ сурат бигирад.


Дар ҳошияи ин сафар ҳамчунин дидори сеҷонибаи руасои ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон ва Ирон баргузор хоҳад шуд. Ва ба дунболи он интизор меравад сарони кишварҳои мазкур тарҳи чанд санади ҳамкории сеҷонибаро имзо кунанд.


Сафири Ирон дар Тоҷикистон афзуд, дар ин мулоқот масоили марбут ба густариши равобити фарҳангӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ миёни се кишвари форсизабон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.


Ба гуфтаи оқои Сармадии Порсо, дар мулоқоти Душанбе руасои ҷумҳури се кишвари форсизабон ҳамчунин масоили амниятӣ, мубориза бо даҳшатафканӣ ва муқобила бо қочоқи маводди мухаддирро барррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG