Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон интиқоли гоз ба Тоҷикистонро 'қатъ кард'


Намояндаи ширкати давлатии гози Тоҷикистон гуфтааст, Узбакистон аз рӯзи чаҳоршанбе, 19 июл интиқоли гози табиъиро ба пойтахт ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистон ба иллати афзудани қарзи Душанбе қатъ кардааст. Тоҷикистон, ба навбаи худ, тронзити гози Узбакистон ба манотиқи шарқи он кишвар ( асосан ба водии Фарғона) аз қаламрави худро мутаваққиф сохтааст.


Ширкати "Узтрансгаз" мегӯяд, қарзи Тоҷикистон дар изои дарёфти гоз акнун ба 7,3 милюн дулор расидааст. Вале ширкати гози Тоҷикистон гуфтааст, ки то 1 июн қарзи онҳо ҳамагӣ 3 милюн дулор будааст.


Тоҷикистон солона аз Узбакистон 730 миллион метри мукаъаб гоз мехарад ва тақрибан ҳамаи ниёзмандиҳои иқтисодаш ба ин навъи маводди сӯхтиро гози содиротии Узбакистон таъмин мекунад.


Ахиран давлати Узбакистон аз Тоҷикистон хоста буд, ки оби бештареро ба мазореъи Узбакистон раҳо кунад, вагарна интиқоли гози худро қатъ хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин дархост гуфтанд, ки дар сурати додани оби бештар ба Узбакистон мазореъи васеъе дар худи Тоҷикистон лабташна хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG