Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медоли биринҷӣ дар Макао


Галина Митяева, варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони зери 19 сол дар Макао дар риштаи гурзандозӣ медоли биринҷӣ ба даст овард. Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Галина Митяева дар рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон гурзро ба масофаи 52 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми севвумро касб кард. Варзишгари дигари тоҷик - Муҳаммадрасул Ҳалимов дар гурзандозӣ байни навҷавонон бо натиҷаи 56 метру 74 сантиметр ҷойи шашумро соҳиб шуд. Фирдавс Азизов дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1 дақиқаю 54 сония дар байни ҳашт нафар беҳтарин варзишгарони ҷавони қораи Осиё ҷой гирифт.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагӣ ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - 2006 миёни футболбозони зери 20 сол аз 20 июл то 2 август дар шаҳри Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таҳти раҳбарии сармураббӣ Ибодулло Қаюмов тамрин мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Жопун, Ирон ва Куреи Шимолӣ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Куреи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Урдун, ба гурӯҳи «В» тимҳои Австралия, Чин, Тойланд ва Имороти Муттаҳидаи Араб ва ба гурӯҳи «D» дастаҳои Ироқ, Молайзӣ, Вйетном ва Арабистони Саудӣ дохиланд.

Мусобиқаи ниҳоии дастаҳои ҷавонон аз 29 октябр то 12 ноябри соли равон дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Ҳашт дастаи мумтоз 6 ноябр дар чаҳорякфинал зӯрозмоӣ мекунад. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9 ноябр ва бозии ниҳоӣ 12 ноябр дар шаҳри Калкутта барпо мешаванд. Чаҳор дастаи мумтози қора равонаи даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол хоҳанд шуд, ки соли 2007 дар Конодо доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG