Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия монеъаҳои роҳи муҳоҷиратро аз байн бурд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ахиран "Қонун дар бораи вуруди тағйирот ба Қонуни федеролӣ оид ба буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро" имзо кард. Хабаргузориҳои Русия бо такя ба дафтари матбуоти Кремл иттилоъ медиҳанд, ки ҳадафи қонуни нав - осонтар кардани дарёфти мақоми сокини муваққатии Русия ва пайдо кардани кор барои шаҳрвандони давлатҳое, ки бо Русия раводид надоранд ва ба низом даровардани бозори неруи кории хориҷӣ дар кишвар аст.
Тибқи санади нав, шаҳрвандони ин кишварҳо бо навиштани ариза барои буду боши муваққатӣ иҷоза мегиранд ва тайи як моҳ асноди заруриро барои зист дар Русия таҳия мекунанд. Мақомоти марбутаи Русия бояд ин аризаҳоро ба таври ҳатмӣ қабул кунанд. Аз ин баъд хориҷиёне, ки муваққатан ваё доимӣ дар Русия ба сар мебаранд, ҳар сол аз нав сабти ном нахоҳанд шуд. Онҳо танҳо мақомоти хадамоти муҳоҷирати маҳали зисташонро дар мавриди идомаи буду боши худ хаттӣ огаҳ хоҳанд кард.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон дода мешавад, ки тайи даҳ рӯз баъд аз навиштани ариза мустақилона санади иҷозаи корро дастрас кунанд. Аз ин ба баъд корфармоён низ ҳақ доранд, ки бидуни дарёфти муҷаввиз барои истифодаи неруи кории хориҷӣ шаҳрвандони кишварҳои бо Русия режими раводид надоштаро ба кор қабул кунанд.
Ёдовар мешавем, то имрӯз шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, муҳоҷирони корӣ барои сабти ном дар Русия ҳамагӣ се рӯз вақт доштанд. Барои буду боши ғайриқонунӣ хориҷиён бо ҳукми додгоҳ аз Русия хориҷ мешуданд. Ин гуна афрод тайи панҷ соли минбаъда иҷозаи сафар ба Русияро надоштанд.
Ба иттилоъи манобеъи гуногун, айни ҳол дар манотиқи гуногуни Русия аз 400 то 800 ҳазор сокинони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG