Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши эҳтимолии Ирон дар ҳалли буҳрони Лубнон


Озодӣ Гулнози Исфандиёрӣ Мошоллоҳи Шамсулвоъизин, аз рӯзноманигорони саршиноси Ирон дар Теҳрон мегӯяд, ки Ирон метавонад дар ростои поён ниҳодан ба муноқишаи ҷории миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ нақше дошта бошад. Оқои Шамсулвоъизин нахуст ба пурсишҳое дар бораи назари мардуми одии Ирон ба ҷанги миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон посух гуфт.

РО: То чи андоза ҳимояти мардум аз хатти машйи расмии Ирон дар қиболи Ховари Миёна ва мавзеъи он дар баробари муноқишаи феълӣ дар Лубнон густарда аст?

Шамсулвоъизин: Наметавон бо итминон гуфт, ки чанд дарсади мардуми Ирон ҷонибдори сиёсатҳои расмии давлаташон ҳастанд ва чанд дарсад мухолифанд. Барои ин ки ин бояд тобеъи назарсанҷиҳои илмӣ бошад, аммо чунин назарсанҷие ҳанӯз сурат нагирифта. Вале ба таври куллӣ метавон гуфт, ки мардуми Ирон дар тӯли торихи худашон нишон доданд, ки аз ситамдидагон дар ҳар ҷои дунё ба лиҳози отифӣ дифоъ мекунанд. Дар ин замина ва ба вижа, ҷанги ахири Исроил алайҳи Лубнон афкори умумӣ саркӯб ва вайронгарии созмонёфтаи Исроилро барнаметобад ва аксаран дар канори мардуми Лубнон қарор мегиранд. Дар натиҷа бахши қобили таваҷҷуҳи мардуми Ирон дар канори сиёсати расмии давлаташон ҳастанд. Ман то кунун на аз созмонҳои сиёсӣ ва на аз гурӯҳҳои муташаккили мардумӣ хилофи онро дар шакли баёния ё мавзеъгирӣ наёфтаам.

РО: Гузашта аз муноқишаи феълӣ дар Лубнон, ки муқассири он ҳам Ҳизбуллоҳ дониста шудааст, дидгоҳи мардум дар мавриди ҳимояти давлат аз фаластиниҳо чист? Оё воқеъан мавзӯъи Фаластин аз дағдағаҳо ё нигарониҳои умдаи ирониҳост, ҳамон тавре ки бархе аз мақомот иддаъо мекунанд?

Шамсулвоъизин: Ин суолро мешавад дар ҳамаи ҷавомеъ матраҳ кард. Оё, масалан, дағдағаи мардуми Омрико ё мардуми Фаронса ин аст, ки давлати ин ҳама нирӯ ба Ироқ гусел кунад ё ба Афғонистон, барои ҳифзи сулҳ ва барои барқарории, масалан, демукросӣ? Ин дағдағаи мардуми Омрикост? Манофеъи кишварҳоро давлатҳо ва нухбагон (элита)-и сиёсӣ, ки мунтахаби мардум ҳастанд, таъйин мекунанд. Мумкин аст ин гурӯҳ як гурӯҳи маҳдуде бошад, вале дар воқеъ аз ақли ҷамъии кишвари худаш намояндагӣ мекунад, дар ҳидояти манофеъи миллӣ ва умумии кишвар ба самти ҳадафҳои таъйиншуда. Ирон ҳам аз ин қоъида истисно нест.

РО: Назари мардум дар бораи Ҳизбуллоҳи Лубнон чист? Оё мардуми одӣ дар Ирон ба ин ҷунбиш эҳтиром доранд ва вокуниши онҳо ба ҳимояти давлаташон аз Ҳизбуллоҳ чист?

Шамсулвоъизин: Мардуми Ирон дар мавриди Ҳизбуллоҳ, бар хилофи ҷараёнҳои мушобеҳе, ки дар Ирон таҳти ин унвонҳо фаъъолият мекунанд ва равшанфикронро азият мекунанд, тафовуте қоиланд. Онҳо Ҳизбуллоҳи Лубнонро як ҷунбиши муқовимати мардумӣ медонанд. Ин ҳизб ба хотири ҷанбаи мардумиаш ва амалаш ва то ҳудуде покдоманиаш дар иртибот бо ҳавзаи сиёсӣ ва иқтисодии Лубнон, ҷойгоҳи муҳтарам ва шоистае дорад. Албатта, ин монеъ аз он намешавад, ки гурӯҳе ҳам мухолифи он бошанд. Порае аз гурӯҳҳо дар Ирон бо сиёсати Ҷумҳурии Исломӣ барои интиқоли кумакҳо ба Ҳизбуллоҳ ва маҳрум кардани порае аз манотиқи маҳруми Ирон аз имтиёзҳо ва рифоҳи иқтисодӣ мухолифанд ва онро маҳкум мекунанд.

РО: Назари мардум дар бораи сиёсатҳои Исроил чист? Мақомоти иронӣ мегӯянд, ки дар ҷомеъаи Ирон нафрат ва хашми густарда алайҳи Исроил мавҷ мезанад...

Шамсулвоъизин: Ин ҳаҷм аз вайроние, ки Исроил дар Лубнон шурӯъ карда, хотираи ҳамалоти густарда ва баъзан ҷунуномези Исроил ба хеле аз манотиқи Ховари Миёнаро дар зеҳни мардуми Ирон такрор кардааст. Насли ҷадид дар қиболи Исроил ва арабҳо мавзеъи нисбатан мантиқитареро иттихоз мекунад. Ҷавонон муътақиданд, ки бояд дар Ховари Миёна сулҳ барқарор шавад ва давлати Исроилу Фаластин дар канори ҳам ба сурати мусолиматомез зиндагӣ кунанд. Вале ҳамлаи Исроил ба зерсохтҳои иқтисодӣ ва хадамотии кишваре чун Лубнон, ҳамла ба фурудгоҳу пулҳо ва хонаҳои маскунӣ, рӯи нигоҳи мардум ба Исроил асари манфӣ гузоштааст. Дар натиҷа Исроил ором-ором афкори умумиро дар Ирон дорад аз даст медиҳад, чунон ки қаблан дар Ховари Миёна аз даст дода буд.

РО: Исроил ва шуморе аз нозирон Иронро муттаҳам мекунанд, ки дар муноқишаи феълӣ даст дорад. Мақомоти иронӣ ин иттиҳомро рад карда ва гуфтаанд, ки ҳимояти онҳо аз Ҳизбуллоҳ танҳо ҷанбаи маънавӣ ва равонӣ доштааст. Назари шумо дар ин бора чист?

Шамсулвоъизин: Бисёр рӯшан аст, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ба танҳоӣ дорад меҷангад. Ва ин ҷанг ва муқовимат алайҳи Исроилро на аз ҳоло, балки аз соли 1982 аз қарни пешин шурӯъ карда. Ҳамакнун Ҳизбуллоҳ ибтикори амалро дар даст дорад ва он як нирӯи бумӣ ва маҳаллист, ки дастбагиребони Исроил аст. Ба далели ин ки ба ҳар ҳол Исроил ҷануби Лубнонро барои солҳо ишғол кардааст.

РО: Оё фикр мекунед, ки Ирон битавонад аз нуфузи худ бар Ҳизбуллоҳ истифода кунад ва барои поёни муноқишаи феълӣ нақше дошта бошад?

Шамсулвоъизин: Ин суоли муҳим аст. Дар сурате ки нақши созандаи Ирон дар иртибот бо Афғонистону Ироқ, тавассути Омрико ба таври мусбат арзёбӣ шавад ва ба мавзеъи Ирон ба сурати маҷмӯъаӣ нигариста шавад; агар мавзеъи Ирон расман аз сӯи Омрико шинохта шавад, ба назар мерасад Ирон битавонад бо истифода аз ҳайсият ва вазни худаш ҷиҳати ҳалли ин буҳрон бикӯшад. Ирон расман омодагии худашро барои ҳаллу фасли ин буҳрон эълом карда ва акнун навбати Омрикову Урупост, ки ба ин арзёбиҳо ва тавони Ирон посухи мусбат бидиҳанд ва Иронро вориди ин арса бикунанд, то аз вазнаш битавонанд барои коҳиши буҳрон ва балки таваққуфи он истифода кунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG