Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омрико равобити Тоҷикистону Иронро 'дарк мекунад'


Ричард Ҳоугланд - сафири Омрико дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе (19 июл) барои охирин бор дар ин симмат бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард. Оқои Ҳоугланд пас аз анҷоми ин мулоқот дар посух ба пурсиши хабарнигорон роҷеъ ба муносиботи Ирону Тоҷикистон ва мавзеъи Омрико дар қиболи густариши ин равобит гуфт:


«Мо, албатта, ба хубӣ дарк мекунем, ки Тоҷикистонро бо Ирон риштаҳои мухталифи торихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ мепайвандад. Ва ин як амри комилан табиъист.»


Сафири Омрико дар Тоҷикистон афзуд:


«Ба назари ман, кишварҳои кӯчаке ба монанди Тоҷикистон бояд чандин шарики роҳбурдӣ дошта бошанд. Танҳо рӯи як ё ду шарик ҳисоб кардан ба якборагӣ тавозунро ба ҳам хоҳад зад.»


Ричард Ҳоугланд ҳамчунин гуфт, ки бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобот ва ҷалби сармоя ба иқтисоди ин кишвар низ суҳбат кардааст. Ӯ афзуд, Тоҷикистон захоири бузурги обро дар ихтиёр дорад ва Омрико ҳамкории худ бо Тоҷикистонро дар ин заминаро оғоз кардааст.


Оқои Ҳоугланд эълом дошт, ки замони маъмурияти вай ба поён расида ва Треси Ҷейкобсон дар мақоми сафорат ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Бону Ҷейкобсон сафири собиқи Омрико дар Туркманистон аст. Аммо Ричард Ҳоугланд дар интиҳо гуфт бо омадани сафири ҷадид ба ҷои ӯ сиёсати Омрико дар қиболи Тоҷикистон тағйир нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG