Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши зарфияти содиротӣ дар нимаи нахусти сол


Бонки Миллии Тоҷикистон хабар аз афзоиши мизони муъомилоти тиҷории хориҷии ин кишвар дар шаш моҳи соли равонро додааст. Бонки мазкур мизони муъомилоти тиҷории Тоҷикистонро дар шаш моҳи аввали соли 2006-ро болиғ бар 1 миллиарду 476 миллион дулор унвон кард.


Бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2005 43 дарсад афзоиш ёфтааст.


Муродулло Алимардонов - раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таносуби байни содироту воридоти кишварро дар шаш моҳи соли равон манфӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт, дар ин давра мизони содирот 671 милюн ва ҳаҷми воридот ба кишвар 133 милюн дулор афзуда ва он дар маҷмӯъ 804 милюн дулорро ташкил додааст.


Оқои Алимардонов сабаби аслии коҳиши зарфияти содиротии Тоҷикистон ва дар баробари он афзудани ҳаҷми воридот аз хориҷ ба кишварро ба коҳиши нархи пунба (пахта) ва афзудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ марбут донист.


Раванди афзоиши таносуби манфӣ дар муомилоти тиҷории хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки ин кишвар ҷиҳати боло бурдани имконоти содиротии худ як барномаи вижаеро мавриди иҷро гузоштааст. Аммо бо вуҷуди ин, дар як соли ахир раванди номатлуби коҳиши мизони содирот дар баробари воридот ба мушоҳида мерасад.


Бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ фаъол набудани тавлидоти дохилӣ ва тадриҷан масрафӣ шудани саноеъ ва иқтисоди Тоҷикистонро аз авомили умдаи коҳиши қудрати содиротии кишвар арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG