Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми Иттиҳодияи Урупо хостори оташбас дар Лубнон шуд


Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо рӯзи чаҳоршанбе (19 июл) хостори барқарории оташбас миёни нирӯҳои исроилӣ ва чирикҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон шуд.


Оқои Солана пас аз дидор бо Тзипи Ливни, вазири хориҷаи Исроил гуфт, ки идомаи даргириҳо давлати Лубнонро заъиф ва пирӯзӣ дар ҷанг алайҳи теруризмро сахттар хоҳад кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки вокуниши Исроил ба чолишҳо бояд аз таносуб бархурдор бошад:


"Исроил дорои ҳаққи дифоъ аз худаш ҳаст, аммо ман фикр мекунам, ки ин ҳақ бояд аз таносуб ҳам бархурдор бошад. Ҳамчунин ба зиндагии афроде, ки ҳич рабте ба боздошти сарбозони исроилӣ ва партоби мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ надоранд, эҳтиром гузошта шавад".


Оқои Солана пас аз дидор бо мақомоти лубнонӣ дар Бейрут вориди Исроил шуд. вай гуфт, ки талошҳои диплумотик барои поён додан ба муноқиша бояд ҳамчунон идома дошта бошад.


Дар ин миён, Тонӣ Блер, нахуствазири Бритониё зимни суханронӣ дар порлумони кишвараш бо пешниҳоди оташбас дар Ховари Миёна мухолифат кард ва гуфт, ки гоми нахуст ба сӯи поёни буҳрон бояд аз сӯи Ҳизбуллоҳ бардошта шавад. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ ба барқарории бедиранги оташбас тамоюле нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG